- Без рубрики

ҚАРЗДОРӢ МИЁНИ БАРҚЧИЁНРО ШИКАСТААСТ

17-июл сардори идораи Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб нахустин нишасти матбиотии нимсолаи аввали соли 2019-ро бо иштироки рӯзноманигорони маҳаллию минтақавӣ баргузор кард. Холов. Д директори ниҳоди мазкур дар ҳисоботи додаи худ паҳлуҳои мухталифи кори соҳаро, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ анҷом додаанд, хотиррасон шуд.

Ба вижа қарзи истифодабарии барқ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳо масъалаи нигаронкунанда арзёбӣ гашт. Аз ҷумла қайд гардид, ки қарздории Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб ба 97 млн. 504 ҳ сомонӣ ва аз аҳолӣ дар минтақа ба марзи 63 млн. 565 ҳ сомонӣ расидааст.

Ноҳияи Восеъ 28 млн. аҳолӣ 18 млн, н. Ҳамадонӣ 17 млн, аҳолӣ 11 млн ва ноҳияи Фархор дар умум бо 12 млн, аҳолӣ 5 млн. сомонӣ аз ноҳияҳои аз ҷиҳати қарздорӣ ташвишовар унвон гардиданд.

Пайк