- Иқтисод

БОНКҲО ҲАМАГӢ 1% БАРОИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ҚАРЗ ДОДААНД

Дар ҳоле, ки таи 2 соли ахир тамоми ҷумҳурӣ аз боби сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба таври хосса ҳарф мезанад, бонкҳои кишвар барои ин ду соҳаи муҳим ҳамагӣ 1 % сандуқи қарзиашонро сарф кардаанд, он ҳам бо фоизи баланд.

Дар ин бора муовини раиси Бонки Миллӣ дар шаҳри Кӯлоб Қурбонова Меҳринигор дар ҷамъи хабарнигорон дар нишасти матбуотии ҳамаи бонкҳо, ки рӯзи 17 июл баргузор гашт, гуфт.

Беҳрӯз Нуралиев, муовини аввалин Бонки Молиявии Хурд дар минтақаи Кӯлоб дар ҳамин нишаст иброз дошт, ки барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 700 000 сомонӣ қарз додаанд.

Аз ин маълум мешавад, сеяки қарзро барои рушди сайёҳӣ Аввалин Бонки Молиявии Хурд дода будааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки сандуқи қарзии бонкҳои дар минтақаи Кӯлоб буда баробар ба 322 миллион сомонӣ будааст.

Ҷойи зикр аст, ки ҳамасола дар нишастҳои матбуотӣ бар хилофи амри Президенти ҷумҳурӣ муовинони раисони бонкҳо ширкат меварзанд на раисони бонкҳо. Дар ин нишаст ҳам шурӯъ аз раиси Бонки Миллӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳама бонкҳо ба нишаст муовинонашонро фиристода буданд. Дар натиҷа бисёре аз саволҳои хабарнигорон беҷавоб монданд. Масалан, саволи хабарнигори ҳафтавори «Пайк» дар мавриди он ки чаро БМХ ба мақолаҳои танқидӣ вокуниш нишон намедиҳад, саволи хабарнигори СССР дар мавриди чаро сандуқи пасандозҳои мардум дар бонкҳо хеле тиҳӣ шудааст, саволи Барнои Бекмадзода дар мавриди шарҳи 14 ҳолати қонуншиканӣ дар Амонатбонк тайи 6 моҳи ахир, беҷавоб монданд.

                               «Пайк»