- Без рубрики

ФАРХОР БОЗ ҚАФОМОНДА

   Имрӯз корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷумла кооперативҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки дар назди буҷети давлатӣ маблағи калони қарзи андоз доранд. Дар минтақаи Кӯлоб мисли бисёре аз манотиқи кишвар бақияпулиҳои қарзи андоз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор рафта, кормандони андози шаҳру навоҳиро нигарон кардааст.   

-Ба ҳолати 1 – уми майи соли 2019 бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳияи Фархор, дар маҷмӯъ, 10 миллиону 622 ҳазору 812 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли равон ба маблағи 249 ҳазору 636 сомонӣ кам гардидааст, — гуфт сардори шуъбаи баҳисобгирии даромадҳои Нозироти андози ноҳияи Фархор Ҳасан Абдуалимов.

Мавсуф, ҳамчунин, иброз дошт, ки бақияпулиҳои қарзи андоз бисёртар дар соҳаи кишоварзӣ ба назар расида, он аз солҳои пешин то ба имрӯз боқӣ мондааст. Бо мақсади кам кардани қарзи андоз аз тарафи кормандони андози ноҳия бо андозсупорандагон аз ҷумла, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту корхонаҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, — мегӯяд Ҳасан Абдуалимов -манфиати шахсиро аз манфиати давлат боло дониста даст ба ҳуқуқвайронкунии андозӣ мезананд, ки боиси ҷаримабандии онҳо мегардад.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки айни замон дар ҳудуди ноҳияи Фархор 6177 андозсупоранда дар қайди Нозироти андози ноҳия буда, аз ин рақам 3785 ададашонро хоҷагиҳои деҳқонӣ, 272 нафар соҳибкор тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 871 нафар соҳибкор тибқи патент фаъолияткунанда, 826 адад кооперативҳои тиҷоратӣ, 135 адад корхонаҳои буҷетӣ ва 1114 филиалу ташкилотҳо ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида бақияпулиҳои қарзи андоз дар ин ноҳия аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 4 миллиону 336 ҳазору 963 сомонӣ мерасад. Дар ноҳияи Фархор аз ҳама қарзи калони андозӣ ба Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор», рост омада, маблағи қарз 2 миллиону 706 ҳазору 954 сомонӣ мебошад. Кооперативи тиҷоратии «Наврӯз — 95», маблағи қарз 11 ҳазору 333 сомонӣ, кооперативии тиҷоратии «Терай», маблағи қарзаш 7 ҳазору 829 сомонӣ,  хоҷагии деҳқонӣ  «Саид», маблағи қарзаш ба 31 ҳазору 630 сомонӣ, кооперативи истеҳсолӣ «Абдураҳими Шариф» маблағи қарз 25 ҳазору 727 сомонӣ, кооперативи истеҳсолии «Балҷувон» маблағи қарз 13 ҳазору 439 сомонӣ, кооперативии тиҷоратии «Баҳодури — И», маблағи қарз 22 ҳазору 186 сомонӣ, кооперативи истеҳсолӣ «Миразор» маблағи қарз 103 ҳазору 144 сомонӣ, кооперативии тиҷоратии «Бахтиёри Шариф» маблағи қарз 20 ҳазору 136 сомонӣ, кооперативи истеҳсолӣ «Сафар Турсунзода» маблағи қарз 23 ҳазору 380 сомониро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин тартиб метавон шумораи зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои тиҷоратию истеҳсолиро дар ноҳияи Фархор мисол овард, ки дар назди буҷети давлатӣ маблағи калони қарзи андоз доранд.

Кормандони Нозироти андози ноҳияро зарур меояд, ки ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, миёни андозсупорандагон семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳиро ҳарчи зиёдтар ба роҳ монанд. Чун бо ин роҳ метавон фарҳанги андозсупории андозсупорандагонро баланд бардошт.                                                          

Худойдоди И