- Иқтисод

Левакант: 31- миллион қарзӣ барқ дорад!

     Қарздории ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳри Левакант, дар назди шабакаҳои барқи шаҳр аз ҳисоби саривақт пардохт накардани ҳақи  истифодаи неруи барқ ба  31- миллион сомонӣ расидааст. Феълан ба иддаои масъулини соҳа аз ҳисоби напардохтани маблағи барқи масрафшуда 30- фисади симчӯбҳои шаҳр дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд.                       

     Пардохт нагардидани ҳақи неруи барқи истифодашуда дар ҷумҳурӣ боиси таъмир нашудани хатҳои интиқоли барқ ва симчубҳои фарсуда гардидааст.  Дар шаҳри Левакант қарздории муассисаву ташкилот ва аҳолӣ дар назди шабакаҳои барқи шаҳр ба 01-05-2019 ба 31- миллион сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи Маҳмадамин Суфиев сардори шабакаҳои барқи шаҳри Левакант:  «Аз қарзи умумии мавҷуда аз неруи барқ  11- миллионашро қарзи корхонаи «Нуриҳои Осиё», 7- миллионашро қарзи аҳолӣ, 3- миллион хоҷагиҳои пахтакор, боқимондаашро дигар муассисаву ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ  ташкил медиҳад».

     Ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолии шаҳри Левакант зиёда аз 45- ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба иддаои ҳолдонон қарздорӣ дар ин самт сол то сол ру ба афзоиш дорад, ки ин боиси нигаронии масъулини соҳа гардидааст. Ҳамзамон қайд гардид, ки ин қарзҳо ҳамчун қарзҳои дибитори дониста мешаванд, зеро чунин қарзҳо аз солҳои қаблӣ омада истодаанд.  Ҳарчанд ба гуфтаи масъулини соҳа баҳри баргардонидани ин омил корҳои зиёде анҷом дода мешавад, вале то кунун қарздори вуҷуд дорад.

30- дарсади симчубҳо таъмирталабанд, аммо…     

    Мутахассисони соҳаи мазкур бар он назаранд, ки пардохт нагардидани маблағи нерӯи барқи масрафшуда ба пешравии кори кормандони соҳа ва таъмири симчубу трансфарматорҳо мушкилӣ эҷод мекунад.

    Дар ин замина симчубҳои шаҳр, ки аз даврони шуравӣ насб карда шудааст, қисман дар ҳолати таъмирталаб  қарор доранд.  Ба идаои Маҳмадамин Суфиев сардори шабакаҳои барқи шаҳри Левакант: «Ҳамин аст, ки имрӯз зиёда аз 30- фисади симчубҳои хатҳои интиқоли барқии ҳудуди шаҳр фарсуда шуда ниёз ба таъмири асосӣ доранд».

  Манбаъ афзуд, ки дар доираи нақша чорабиниҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2019-20 – бояд 40- симчуб дар хатҳои интиқоли мухталиф иваз карда шаванд.  Инчунин дар зарфи панҷ моҳи гузаштаи соли равон 11- адад симчуб дар ҷойҳои фарсудашуда насб карда шудааст.    

 Гуфта мешавад, ки дар солҳои охир камбудиҳои вуҷуддошта давра ба давра бартарф гардида истодааст, ки ин аз пешравии соҳ ашаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди он, ки масъулини соҳа барои баргардонии қарзҳои дибитори кушиш намуда истодаанд, вале ин омил то кунун боқи мондааст. Агар ин қарзҳо ба буҷаи мамлакат ворид гардад, дар он сурат ҳам барои иваз намудани симчубҳо ва дар умум барои рушди соҳаи энергетика дар кишвар заминаи созгор гузорад. Дар мавриди баракс шудан ин омил метавонад дар ғанӣ гардидани он  зарба   занад.  

                     Аҳмади Раҳим   «ПАЙК»