- Без рубрики

КАНАХОНАҲОИ ГИПРОЗЕМРО ПОКИЗА МЕКУНАНД

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода аз 28 майи соли 2019 тасдиқгардида дар се соли минбаъда маҳаллаи Гипрзореми Душанбе, ки минтақаи осебпазир ва ифлос ба ҳисоб меравад, тоза ва обод карда мешавад.

Ин иқдом бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозаву озода ва дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштани муҳити зист ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст. Мувофиқи Нақшаи вобаста намудани шаҳраку маҳаллаҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе масъулини тозакориҳо дар маҳаллаи Гипрозем, алалхусус қисмати маҳаллаҳои воқеъ дар гирду атрофи “Бозори Деҳқон”, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон уҳдадор шудааст. Аҳли коллективи ДДМИТ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, яъне дар се соли минбаъда, тамоми ҳудуди муайяншударо аз партовҳо тоза карда, дарахтон ва шоху буттаҳои хушкшудаву монеашавандаро бурида, роҳҳои ноҳамворро ҳанвор карда, ҳамаи корҳои ободониро анҷом медиҳанд. Аммо рӯзи ободкориҳо дар ҳудуди маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳр якшанбе муайян шудааст. Бинобар ин кормандону устодони донишгоҳ уҳдадоранд дар рӯзи якшанбе ба шанбегӣ ҳозир шаванд.

 Мо зимни баргузории яке ин шанбегиҳо дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштем. Авзои санитарӣ ва муҳити зисти ин минтақа ба хонандагони рӯзнома кайҳо боз ошно аст, зеро дар ин бора маводи васеъ низ дар “Пайк” нашр шуда буд. Аммо пас аз нашри он мавод қариби ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале беҳбудии ҷиддие дар ин маҳалла дида нашуд.

Мавзеи хобгоҳҳои ДМТ, ДДМИТ ва маҳаллаи Гипрозем, кӯчаи Нахимов ҳоло ҳам дар ҳолати бади тозагӣ қарор доранд. Дар ин мавзеъ майдончаи варзишӣ барои кӯдакон бунёд ёфт, ки ҳоло дар ҳоли табоҳ қарор дорад. Мушкилоти мумфаршкунии роҳ, партовҳо ва оби тозаи ошомиданӣ ҳанӯз мушкилоти ҳалношуда боқӣ мемонад.

Кормандони ДДМИТ норозигӣ баён мекарданд, ки мардуми ин минтақа тамоман аз маданияти шаҳрнишинӣ дур ҳастанд. Онҳо ҳатто пеши долонҳо ва роҳрави даруни биноҳои зисташонро тоза намекунанд, пас чӣ монад берун ва гирду атрофи биноро рӯбанду тоза кунанд. Вале сокинон, баръакс мегуфтанд, ки мо қариб ҳаррӯз атрофи биноҳоро тоза мекунем, аммо аз чӣ бошад, ки боз ифлос мешаванд ва ба нигоҳи ҳама ин мавзеъҳо бетартиб менамояд.

Сабаби асосии номусоидӣ ва дар ҳолати табоҳ қарор доштани муҳити маҳалларо дар наздикии бозори “Деҳқон” қарор доштани онро арзёбӣ мекунанд. Бозори “Деҳқон” яке аз бозорҳои сародам ва фурӯшгоҳи бузурги маҳсулоти ниёзи аввали мардум ба ҳисоб меравад. Бинобар ҷойгир будани бозор дар байни биноҳо ва хобгоҳҳои истиқоматии сокинон дар маҳаллаи Гипрозем сабаби дар ҳолати бади санитарӣ қарор гирифтани биноҳо гардида аст. Дар баробари ин дар ин мавзеъ боз бозори Чаканафурӯшӣ дар ҷойи гузаштаи Мошинбозори собиқ қарор дорад. Дар ин бозор одатан савдогарони манотиқи кишвар барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии худ ба таври чакана меоянд. Дар баробари ин дар қисмати дигари биноҳои осебпазир бозори “Вориси сомон”, ки ба наздикї кушода шуд, фаъолият мекунад. Дар ин бозор низ маҳсулоти кишоварзии аз манотиқи ҷумҳурӣ овардашуда фурӯхта мешаванд.

Вуҷуд доштани ҳамаи ин бозорҳо дар ин минтақа боис гардидааст, ки ин мавзеъҳо доимо пур аз партов ва дар ҳолати бади санитарӣ қарор дошта бошад. Аммо тағйироти ҷиддиро пас аз се сол хоҳем дид.

Нуралӣ Карим

Душанбе