- Фарҳанг

ПАЙК ЗОДРӮЗ ДОРАД !

Ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии умумиҷумҳуриявии «Пайк» 2 июл зодрӯз дорад. Дар ҳамин рӯзи соли 2013 ин ҳафтавори мардумӣ аз қайди давлатӣ гузашта ба фаолият пардохта буд. Инак 6 сол мешавад, ки ҳар ҳафта нашр мешавад ва дастраси хонанда мегардад. Ҳафтавор бо моҷаро рӯйи нашр омад ва бо моҷаро фаолият карда истодааст. Дар қайди моҷаро будани ҳафтавор, гумон дорем, тақозои замон аст. Нахуст мушкилӣ ва моҷаро дар таъсисёбии ҳафтавор буд, ки бо кумаку дастгирии бевоситаи Нуриддин Раҳмонов, ки рӯҳаш шод боду хонаи охираташ обод бод, аз қайд гузашт. То дар қайди ҳаёт будан акои Нуриддин дасти падаронаи худро аз сари мо кормандони «Пайк» нагирифт. Замоне, ки аз ҳаёт даргузашт, Пайк аллакай соҳиби эҳтиром ва эътибори хонанда гашта буд, ки дар муваффақияти он саҳми ин марди шариф бузург аст.

Дуввумин шахсе, ки барои фаолияти пурсамари ҳафтавор кумаки беғаразона расонида буд, Маҳмадулло Сайдалиев, собиқ раиси ҳукумати шаҳри Данғара аст, ки хеле шахси бофарҳанг бофазлу дониш ва ботамкину бурдбор ва саховатпеша аст. Сипас Султон Валиев, Нурулло Мирзоев, Ғайбулло Авзалов, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва чанде дигарон низ дар паҳлӯйи мо буданд. Мо аз онҳо хеле ҳам сипосгузорем. 

Маҳз ҳамин нафарон моро ҳидоят карданд, ки сиёсати Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ карда, дар роҳи созандагӣ ва гул гулшукуфии ватани азизамон бо азму иродаи қавӣ камари ҳиммат бандем. Оне, ки матбуоти мустақил фақат дар фазои ороми Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати демократии ҳукумат ва сарвари давлат рӯйи кор омада метавонад, ҳақиқати бебаҳс аст.

Ҳафтавор замоне ба фаолият пардохт, ки вазъи сиёсии ҷаҳон ноором буд. Соли 2013 барои ҷаҳониён хеле соли даҳшатнок маҳсуб мешуд. Даврони шукуфоии тероризми байналхалқӣ ва бедодгариҳои «Давлати Исломӣ» буд. Давлати мо ҳам мисли дигар мамолики ҷаҳон аз зулми терроризм дар амон намонд. Садҳо нафар ҷавонони гумроҳи ватани мо тарки хону мон карда ба Сурия ва Ироқ барои иштирок дар «ҷиҳод»-и эълоннамудаи он мушти бедодгар дар ниқоби ислом рафтанд. Саранҷом дар роҳи хидмат барои он қотилон ҷони худро аз даст доданд ва пайвандони худро дар ватан либоси мотам пӯшониданд. Дар ҳоле, ки ҳама аз ваҳми терроризм ба ҳолати шок афтида буданд, Пайки ҷавону навтаъсис сару калобаашро гум накарда бо хурофот, экстремизм ва терроризм дар набард шуд. Ҳазорҳо нафар ҷавонони гумроҳро аз роҳи бад баргардонд. Гумон дорем ҳамин басанда аст, ки рисолати ин ҳафтавори муборизро иҷрошуда ҳисобем. Аммо боз мушкилоти дигаре ҷой доштанд, ки ҳафтавор баҳри бартараф кардани онҳо ва пиёда сохтани сиёсати инсондӯстонаи ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат- Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пардохт. Бо гузашти ҳамагӣ чанд сол ин ҳафтавор маҳбуби мардум гашт ва хонандаи худро дарёфт. Мактубҳои зиёд, зангҳои телефонии бешумор ва сӯҳбатҳои рубарӯ шоҳиди ҳоланд. Аҳли эҷоди «Пайк», ки аксарият ҷавонони аз 19 то 26 солаанд мудом ҳақиқатро пешаи худ кардаанд ва бо ҳама гуна ноадолатиҳо тавассути қалами худ муборизаи беамон мебаранд. Аён аст, ки дар ин роҳ хеле муваффақ ҳам гаштаанд. Муҳаммади Мӯсавӣ, Худойдоди Ислом, Исломи Раҷабалӣ, Барнои Бекмадзода, Аҳмади Раҳим, Нуралӣ Карим, Ҳафизулло Тоҳирӣ, Маҳмудҷони Раҳматзода, Ёқуби Содиқ, Мӯъмин Аҳмадӣ, Шарифхони Тағоймурод, Сумангул Исломова, Амонҷон Муҳиддинов номгӯйи нопурраи узви ҳафтавори «Пайк» ҳастанд, ки зери сарпарастии журналистони ҳирфаии ҷумҳурӣ Аҳмади Иброҳим, Аслиддин Достиев, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, Додарбек Сайдалиев, Ҷумахон Алимӣ фаолият карда, худ журналисти хуб шудаанд. Шиори ин тоифа шиори ҳафтавор аст: «Агар имрӯз мисли дирӯз аст, фардо чӣ лозим?» Дар набард бо ҳама гуна ноадолатиҳои рӯзгор шиори ин мардум ҳамин аст. Ноадолатиро ошкор мекунанд, чун бартараф шуд. зиндагиашон рангин мешавад. Мутаассифона бо ҳамса муваффақияту пешравиҳо ягон мамлакат батамом ноадолатиро бартараф карда натавонистааст.

Алҳол дар назди ҳафтавор 15 нафар аз ҷавонон дарси журналистӣ меомӯзанд. Маводи навшогирдонаи баъзеи ин ҷавонон дар саҳафоти ҳафтавор аллакай нашр шудаанд. Ин башорат аз он медиҳад, ки ояндаи «Пайк» дурахшон аст.

 Ба мо мактуб нависед, занг занед, сӯҳбат кунед ва аз мушкилотатон моро огоҳ кунед, бошад, ки Пайк ба додатон бирасад. Ҳафтавор тули фаолияти шашсолааш боре ҳам ба ноадолатӣ рӯ наовардааст ва минбаъд ҳам чунин боқӣ мемонад. Дар масоили баҳсӣ, мо ҳамвора кушиш мекунем фикри ду ҷонибро пешкаши хонанда ва мақомоти дахлдор намоем. Ақида дорем, чун довар ҷомеа шуд, баҳс ҳатман ба мақсад ва ҳақ ба ҳақдор мерасад. Узви Пайк аз касе тарсу ҳарос надорад, хосса аз ашхоси золиму бадхоҳи мардум- он тоифае, ки ба пиёда гаштани сиёсати инсондӯстонаи сарвари давлат ва ҳукумати кишвар монеа мегузоранд.

Боре ҳам мо ҳафтаворро ба манфиати худ суистифода накардаем ва мудом адолатро риоя кардаем, ҳатто агар он ба муқобили мо бошад ҳам. Мо дар ҳафтавор фаолият мекунем, аммо он аз они мардум аст. Ҳафтавор чашму забону гӯши мардум аст.

 Шод аз он ҳастем, ки хонандаи ҳафтавор хеле мардумони ватандӯст, донишманд ва адолатпеша ҳастанд. Ҳама гуна унсурҳои бадхоҳ душмани ин ҳафтаворанд, ки мо аз ин душманон ҳам ифтихор дорем. Чун мардуми бошараф дар сӯҳбатҳо ва ё тавассути мактуб аз муваффақиятҳои мо сухан мегӯянд аз ин меболем ва баръакс, чун нохалафе васфи мо мекунад нигарон мешавем, ки дар куҷое ба хато роҳ додаем.

То замоне, ки «Пайк» хонанда дорад пойдор аст. Мо аз хонандаи худ сипосгузорем, ки тули 6 соли фаолият бо мо буд ва моро бар пой нигаҳ дошт. Ҳафтавор ҳам хонандаашро дӯст медорад ва ба ӯ доимо содиқ хоҳад монд. То замоне, ки байни хонанда ва аҳли эҷод иттиҳод асту якдигарфаҳмӣ мо бар ҳама гуна мушкилот ва костагиҳои рӯзгор ғолиб меоем. Мақсади мо пойдории сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагии мардум аст дар ҷумҳурӣ. Пайк аз ин ба баъд ҳам бо ҳама гуна душманони дохилӣ ва берунии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон муборизаи беамон хоҳад бурд ва дар ниҳоди ҷавонони миллат тухми муҳаббат ба ватан хоҳад кошт.

Шаш соли фаолияти пурсамар муборак, аҳли эҷоди ҳафтавори мардумии «Пайк» ва хонандаи арҷмандаш!