- Сиёсат

КӮЛОБ ВИЛОЯТ МЕШАВАД!

Сокинони Кӯлобшаҳр шукр мекунанд, ки болои сар Худо ва Пешвои миллат доранд ва бовар доранд, ки  ин ҳарду мушкилашонро ҳал мекунанд.

Шояд тули 30 соли даврони истиқлолияти ватани мо мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ орзӯйи онро карда бошад, ки вилояти Кӯлоб барқарор шавад. Дар ҳоле, ки хуб медонанд вилоят шудани Кӯлобро ба ҷуз Худо ва Пешвои муаззами миллат каси дигар намедонад. Шояд агар ҳама корҳо хуб мешуданд, ин мардум чунин орзӯ намекарданд. Албатта, дар муқоиса ба даврони ҷанг ва вазъияти нооромӣ ин замон ҷаннатро мемонад дар муқобили дузах, аммо ба ақидаи ин мардум, бояд масъулин аз вазъияти соҳибистиқлолии кишвар ва тинҷию оромӣ барои рушди ин минтақаи аз марказ дур бештар талош меварзиданд. Дарди бедаво ва муҳимтарини ин мардум ҳамон корхонаҳои саноатии камфаол ва камбуди ҷойҳои корӣ аст барои ҷавонон. Ҳоло бошад сокинони ин минтақа раҳоӣ аз бунбасти иқтисодиро дар барқарор шудани вилояти Кӯлоб мебинанд. «Вилоят барқарор шавад, Кӯлоб обод мешавад», ин хулосаи ҳар сӯҳбат аст дар маҳфилҳои чортанӣ ва чилтанӣ. Ин умеду орзӯ то куҷо дуруст ва амалишаванда аст мо намедонем, аммо оне, ки ин хушбахтии бемисли як минтақаи бузург ва хеле муҳими кишвар аст, ҳақиқат дорад.

           Кӯлоб дар сафи пеши муқовимат буд

Мо худ душмани ашадии маҳалгароӣ ҳастем. Хуб медонем, ки ин падидаи номатлуб тормозест барои рушди ҷумҳурӣ. Аммо оне, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ мардуми ҷасури Кӯлоб ҷумҳуриро аз чанголи тӯдаи экстремист кашида гирифт, ҳақиқати маҳз ва инкори он амали ноҷавонмардона аст. Мардуми миёнасол ва калонсол да хотир дорад он рӯзҳои сахтро. Замонеро, ки нерӯҳои ба ном опозитсион дар майдони муқовимат бо ҳукумати конститутсионӣ ба ҷомаҳои сиёҳ печида, ришҳои сиёҳи худро зери таъсири бод алвонҷ дода нидои «ҳаққо, валал ҳаққ» мезоданд ва гӯши фалакро кар мекарданд, ҳама хомӯш буданд, ба ҷуз Кӯлоб. Онҳо пойтахтро ишғол карда президенти вақтро маҷбур карданд истеъфо диҳад ва ҳамаи инро тариқи радио ва телевизионҳои ишғолкардаашон намоиш медоданд ва ба дили инсонҳо даҳшат ҷо мекарданд. Он мардум дар майдони муқовимат  на танҳо рӯмолчаҳои худро болои сар давр мезанонданд, балки таппонча ва автоматҳои худро ҳам алвонҷ дода ба намоиш мегузоштанд. Издиҳоми садҳазорнафараи ҷомасиёҳонро тариқи телевизион дида ҷумҳурӣ дар ҳоли шок қарор гирифт. Ҳамаро воҳима зер карда буд. Кӣ метавонад бигӯяд, ки мардуми кадом маҳалл ба ҷуз Кӯлоб садо баланд кард? Агар медонед, ки кардаанд, пас исбот кунед, то мо аз ақидаамон бар гардем. То ҳанӯз нерӯҳое ба ақидаи худ устуворанд, ки агар опозитсия дар ҳамон замон ғалаба мекард, корҳо беҳтар мешуданд. Ин фикр ботил аст, фақат барои он, ки исломӣ шудани ҷумҳурии моро на Русия хоҳон буду на Амрико. Ҳамагон хуб медонанд, агар ин ду муқобил бошанд, дигар тамоми дунё ба по хезад ҳам, коре ба ҷуз дархости онҳо ҳосил намешавад. Айнан аъмоли опозитсиони тоҷикро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷангиёни Сурия такрор кард. Дидед, ки он ду абарқудрат чӣ рӯзи сиёҳе ба сари ин мамлакат овард? Дар мо ҳам, агар кор на ба коми ҳукумати конститутсионӣ мешуд ҷумҳурӣ зуд вайрону валангор мегашт. Хосса опозитсиони тоҷик дар он давра ҳам як лидери барои ҳама мақбул надошт. Абдуллоҳи Нурӣ, Тоҳири Абдуҷаббор, Сафаралӣ Кенҷаев, Қиёмиддини Ғозӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Аслиддин Соҳибназаров, Абдумалик Абдуллоҷонов, хуб, даст рӯйи сина монда бигӯед, ки кадоме аз инҳо барои дигарӣ роҳ мекушод? Албатта ҳеҷ кадом! Ҳатто Мирбобо Мирраҳим ва Мулло Абдураҳим барин лидерони майда чуйда ҳам талабгори ҳокимият буданд, чунки худро донотар аз дигарон ҳис мекарданд. Аммо онҳо дар майдони муқовимат бар зидди кӯлобиҳо мттаҳид буданд, дуруст аст, ки ин иттиҳод то зафар ёфтан идома меёфт. Яъне нерӯйи қавӣ буданд ва хоҷагони хориҷӣ ҳам ҳар кадомро дар алоҳидагӣ кумак мекарданд. Бубинем, ки дар муқобили он нерӯйи сиёҳ чӣ нерӯе дар шахси кӯлобиҳо меистод.

             Инқилобҳоро ҷинояткорон кардаанд   

Замони шӯравӣ аксарияти ҷавонони бонанги Кӯлобро доғи судӣ зада буданд. Ҳар чорӯм ҷавони Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ дошт ё дар маҳбас нишаста буд. Дар охирин лаҳзаи барои кишвар ҳассос маҳз ҳамин ҷавонони ҷиноятпеша ва миёнсолони ретсидивист (солиёни зиёд дар маҳбас нишаста) ҷумҳуриро аз хоку хун бардоштанд. Ҳамонгуна, ки Ленини ҷиноятпеша Русияро аз чанги ашрофзодаҳо наҷот дода буду Сталини ҷиноятпеша СССР-ро аз чанголи фашизм раҳо карда буду Ҳитлери авбош Олмонро шӯҳратманд карду, Фидел Кастрои кӯчагард Кубаро. Таърих собит сохтааст, ки ҳама таҳаввулотро афроди ҷиноятпеша оғоз мекунад. Мардуми вилояти Кӯлоб зери фармондеҳии ретсидивист Сангак Сафаров ба муқобили нерӯҳои иртиҷоӣ ба по хест ва мардуми ҷумҳуриро аз пасаш бурд. Ҳатто ба ҳамин мардуми ғаюру ҷасур ҳам раҳонидани ҷумҳурӣ аз вартаи ҳалокат осон наафтид. 5 майи соли 1992 гирдиҳамомадагони майдони Озодӣ зери мили автомати опозитсион мувоҷеҳи шикаст шуданд ва ақибнишинӣ карданд. Майдони кӯлобиҳо пароканда шуд ва пешвоҳои мардум аз ҷумла Сангак Сафаров худро ба асорат доданд, то мардумро аз хунрезӣ наҷот диҳанд. Бо вуҷуди он ки опозитсия ба хуни ин шермард ташна буд, аммо ҷуръат накард ба ӯ зиён биёрад, чунки аз ғазаби Кӯлоб метарсиданд. Тасмимашон дуруст ҳам буд. Агар ба пойи Сангак хор мехалид, ин мардум ҳама ба по хеста ба истилоҳ «хоки бозиро нобозӣ мекард». Он вақт муқовимат бо ғалаба анҷом намеёфт, балки бими қатли ом буд.

  Кӯлоб шикаст нахурда буд, балки оқилона ақибнишинӣ кард

essay writer using https://essaydragon.com

Мардуми дар майдони «Озодӣ» шикастхурда бошад ба Кӯлоб баргашта савганд ёд карданд, ки ба пойтахт бар мегарданд ва ҳукумати конститутсиониро наҷот медиҳад. Дигар тамоми ҷумҳурӣ назди пойи опозитсион сар фароварданд. То замоне, ки мардуми Кӯлоб муттаҳид гашта, нофаҳмиҳои дохили худро дар як муддати кӯтоҳ бартараф карда ба пойтахт рафтанд ва ҳокимиятро аз дасти опозитсия кашида гирифтанд. Агар ҳақиқат дигар аст, пас бигӯед, то мо бидонем ва мисли ҳақиқатгӯёни дигар  доно шавем. Агар дуруст аст, пас ҷавонмардона ба Кӯлоб арҷ гузоред, то дар лаҳзаи дигари барои ҷумҳурӣ тақдирсоз, Кӯлоб ба ёрӣ шитобад. Ҳамон замон ҳатто баъди ғалаба кардани Фронти Халқии Кӯлоб бо сарварии Сангак Сафаров касе вазифаталаб набуд. Баъди қатли Сафаралӣ Кенҷаев, Қадриддин Аслонов, Рустами Абдураҳим, Нурулло Ҳувайдуллоев ва ба инҳо баробар сарварони дигари ҳукумати кишвар кассе намехост ҳатто умумри президентии ҷумҳуриро ба ӯҳда гирад. Балки депутатҳои ҳама манотиқи ҷумҳурӣ озмоишкорона ва хеле боэҳтиёт ва ҳатто маккорона, аммо якдилона депутати Шӯрои олии вақт Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ пешбарӣ карданд. Умед надоштанд, ки ин ҷавон ҳатто як ҳафта ҳам сари қудрат монад. Аммо ҷавони боғайрат на танҳо умури ҳокимиятро ботадбир ба даст гирифт, балки ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокат раҳонид ва то ба ин имрӯзи гул-гулшукуфоӣ расонд.

             Кӯлобиҳо ҳеҷ гоҳ маҳалгаро набуданд

  Ба андешаи мо аввалин қадами арҷ гузоштан баргардонидани вилоят аст, сипас эҳё кардани соҳаи саноат. Ҳоло корхонаҳои саноатӣ молӣ шахсӣ гаштаанду ба дарвозаҳояшон қулф задаанд. Агар кассе гумон кунад, ки барқарор шудани вилоят барои маҳалгароӣ замина мегузорад, номаъқулро миллион бор кардааст. Ин мардум тарбияи интернатсионалиро дар даврони Шӯравӣ гирифтаасту он сабақро то ҳанӯз дар хотир дорад. Он замон Кӯлоб пур аз миллатҳои дигар буд- немис, осетин, рус, тотор, яҳудӣ. Ҳамон Бембулат Ватаев, ки дар нақши Рустам ҳунарнамоӣ кардааст, дар Кӯлоб дар ҳамсоягии мо таваллуд шуда ба воя расидааст. То ҳанӯз намояндагони миллатҳои дигар, ки дар солҳои 1985 то 2000-ӯм Кӯлобро тарк карда буданд ба зодгоҳ баргашта ҳамсояҳои тоҷики худро ба оғӯш кашида соатҳо ашки надомат мерезанд. Худромаломат мекунанд, ки чаро мо аз арии шӯмо кӯлобиҳо рафтем, охир ҳама мисли бародару хоҳар зиндагӣ мекардем. Бобои Миша ва оилаи Хастикоевҳо, ки яке рус буду дигарӣ осетин ҳамсояҳои дар ба девори мо буданд. Ҳар бор аз рӯйи сафили пасти хона модарам ба онҳо нони гарм медоду онҳо дар рӯзҳои иду айёмашон ба мо питса ва тухмҳои рангкардашудаю бутерброд медоданд. Бегоҳ ҳама мӯйсафедони тоҷику немису руссу осетин лаби ҷӯйбори чархофалаки бобои Ғуломи Афғон то торикии шаб сӯҳбат мекарданду шӯхӣ. Пас, чаро имрӯз Кӯлоб душмани ҳаммиллатони худ мешудааст!? Ин баҳонае беш нест. Хосса то замоне, ки рақлбати байни абарқудратон ҳаст сулҳу салоҳи ягон мамлакат дар амон нест. Амнтарин минтақа дар ҷаҳон дили Аврупо буд, ки террористони зархариди душманони Аврупо дидем, ки чӣ рӯзи сиёҳе ба сари ин мардум оварданд. Ҳоло ҳам ҳушдор медиҳанд, ки террористони Сурия ва Ироқ дар Афғонистон, наздик ба марзи Тоҷикистон камин гирифтаанд ва омодаи фурсат ҳастанд, то ба кишвари мо зада дароянд. Фурсат бошад барои онҳо фармони хоҷагони болоияшон аст, то пул бидиҳаду фармон ва онҳо даст ба куштор бизананд.

     Мардуми Кӯлоб набояд пароканда бошад

 Барои ҳамин кушиш кардан лозим, ки Кӯлобиҳои зодгоҳро тарк карда ҳарчӣ бештар гашта ба Кӯлоб биёянд. Мо бошем ҳама кушишро карда истодаем, ки баръакс, кӯлобиҳо пароканда шаванд.

Пешвои муаззами миллат, ки бо хиради азалии худ ҳамаи ин гуфтаҳоро дарк мекунад, ба Кӯлоб таваҷҷӯҳи хосса дорад, аммо масъулини таҳҷоӣ кори худро карда истодаанд. Корхонаҳои азимро харида қулф задаанд, баландошёнаҳо сохта фурӯхта истодаанд, барои мардум бошад танҳо Боғи бемева бунёд карда истодаанд. Албатта бунёди боғҳои фарҳангӣ барои Кӯлоб сахт зарурат доранд, аммо агар ҷойи кор набошад, кӣ истироҳат кардан мехоҳад? Коргарони ҳамин боғҳоро ҳам аз дигар минтақаҳо овардаанд. Ҳунармандони бемисли Кӯлоб бошанд, гирдогирди Боғи Фарҳангӣ гашта, оби даҳонашон мераваду кассе онҳоро ба кор ҷалб карда маош намедиҳад. Мардикорони дигар минтақа бошанд, хеле бо коҳилӣ кор карда истодаанд. Дар шаш моҳи тамом чанд бинояки хурди хиштин ба бузургии як ҳоҷатхонаи дукаса сохтаанд. Инро як мардикори кӯлобӣ дар се рӯз месохт. Ба худи ҳамин Бег Сабуров Боғро медоданд, нимкола бошад ҳам, онро дар як моҳ сохта ба истифода медод. Намедонам роҳбарияти ТАЛКО, ки умури сохтмони Боғро ба ӯҳда дорад бо куҷояшон фикр мекунанд. Мо кушиш мекунем дар бораи корҳилии сохтмончиёни Боғ дар шумораҳои наздиктарин гузориши муфассал пешниҳод намоем.

Ҳоло бошад мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ аз Худованд умед дорад, ки Пешвои муаззами миллат дар чаҳорчӯби ҷашни 28 солагии Истиқлолияти кишвар ҳангоми бо сафари корӣ ба Кӯлоб омадан, иншооти зиёди зебои замонавиро ба истифода дода, вилоят шудани Кӯлобро эълон медорад.

  Барои вилоят шудани Кӯлоб фақат қулфро кушодан лозим

Баъзеҳо ақидаи ботиле доранд, ки барои вилоят шудани Кӯлоб харҷи зиёд лозим аст. Мардуме, ки камее бо вазъият ошноӣ дорад хуб медонад, ки харҷи зиёдатие лозим нест. Замони барҳам хурдани вилоят ҳама ташкилотҳои вилоятӣ ба минтақавӣ табдил дода шуданд. Ҳоло ҳамаи онҳо дар шаҳр ва минтақа фаоланд. Қароргоҳи раиси вилоят ҳам, ки дар гузашта ни шемангоҳи раиси вилоят буд побарҷост ва хушбахтона аз таъмири пурра ва хушсифат баромадаасту қулф ба дараш задаанд. Барои вилоят кардани Кӯлоб фақат ҳамин қулфро кушодан лозим ва ҳамаи ташкилотҳои минтақавиро вилоятӣ эълон доштан лозим. Дигар олам гулистон мешавад. Як шахс барои дарёфти як мӯҳри вилоятӣ аз хоҷагии Ёл ё Сари Хосору Шуғнови Ховалинг хеста серӯза тӯшаи роҳ дар кулвор гирифта, ба қавле асояш сӯзану анбонаш ғалбер намегардад. Гап сари асою анбон мерафт фоҷеае набуд, дар ин роҳи дурру дароз, к ибо аспу хар оғоз мешаваду анҷом меёбад ҳамёнаш ҳам холӣ мешавад, ки дар шароити минтақаи Кӯлоб фоҷиа аст. Ҳамёнҳо худ ниматиҳианд. Бинобар ин мардум ақида дорад, ки бо баргашти вилоят минтақаи Кӯлоб хеле зуд обод мешавад.   

                                                          Аҳмади Иброҳим