- Иҷтимоъ

МОҶАРОИ ЧАШМАИ ҚАЗҒАН

          Ё худ

чаро сардори ширкати «Вавилон-мобайл» Файзуллоев Беҳзод барои соҳиб шудан ба якуним гектар замин 4 қарори руасои ноҳияи Ховалингро гирифтааст?

  Ба ҳафтавори «Пайк», аз номи сокини н. Ховалинг ҷ.д Ғ. Мирзо маҳаллаи Гузари Қозӣ Гулмуродов Қурбоналӣ. Тел:985046159

           Ариза

Дар баробари аризаи худам ба Шумо навишта маълум менамоям, ки дар ноҳияи Ховалинг баъди ба кор омадани прокурор Сангакзода  қонуншиканиҳои бисёре ба назар мерасад. Аз он ҷумла барои мисол газетаи «Пайк» таҳти №32 аз 3-октябри соли 2018 дар саҳифаи 7 қайд кардааст:

  «Худи ҳамин сол прокуратураи ноҳияи Ховалинг 43- қарори раиси ноҳияро дар мавриди ғайриқонунӣ тақсим кардани ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия бекор кард. Лекин аз чӣ бошад, ки эътирозҳои Прокурори ноҳияро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба иҷро нарасонидааст. То ҳануз раиси хоҷагии ҷангал пушти иҷрои ин эътирозҳо сарсону саргардон аст.»

Ба прокурори ноҳия Сангакзода бо ариза оиди дашному ҳақорат додан ва инчунин шаъну шарафи маро паст задан аз ҷониби нафари пулдору пуштдор муроҷиат кардам. Он нафар, ки тағои пулдору боқувват дорад. Ин нафар Ҳадиязода, писарамаки Файзулоев Беҳзод Ҳабибулоевич сардори ширкати «Вавилон» мебошад.

 Сангакзода бо моддаи 460 маро гунаҳкор шуморида, гӯё ман бародарзодаи Беҳзодро дашному ҳақорат дода бошам.

 Сангакзода Ғанӣ дар рафти сӯҳбат фаҳмид, ки ман аз нафарони порадеҳ нестам. Аз ҳамин лиҳоз, ки чандин маротиба ба номи ӯ ариза навиштаам, вале аризаҳои ман бе баррасӣ мондаанд ё ин ки ба тобеъият гуфта ба ШААД-и ноҳия фиристонд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Ховалинг бо хоҳиши Файзуллоев Беҳзод ва ба мақсади ғаразнок 4 маротиба қарори раиси ноҳияро тағйир дода, ба мақсади нопоки худ расид, ки ин қонуншиканиҳоро як- як  дар аризаи қаблиам дарҷ карда будам. Аз ҷониби тафтишотбар бо амри кӣ бошад пушти парда монд.

why not check here

Албатта, ин ҳама беҳурматиҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ ба чашм мерасад Файзуллоев Беҳзод Ҳ, раиси ширкати «Вавилон М» дар маҳалаи Гузари Қозии ноҳияи Ховалинг хонаи истиқоматӣ харид. Интихоби заминро дар маҳаллаи Гузари Қозӣ кард, чунки аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин мавзеъ истироҳатгоҳи бачагонаи  собиқ вилояти Кӯлоб буд. Ин истироҳатгоҳи бачагона баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ба сокинони маҳаллаи Гузари Қозӣ ҳадя монд. Майдончаи варзишӣ, макони бозии кӯдакон, чашмаи номдори Қазған, чинорҳои азими таърихӣ, мазори ғарибон ин ҳама ҷои гузаронидани маъракаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, хулоса ҷои дамгирӣ ва гузаронидани маҷлису Наврӯзӣ шуд. Дар атрофаш Бунгоҳи тиббӣ, китобхона, дорухона барои ҳайвонот ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ бунёд шуда ва шудаистода буд, ки масоҳати 1,5 га заминро ташкил мекард. Аммо ин ҳама сохтмонҳоро Беҳзод ҳамвор карда дар ҷояш хонаи истиқоматӣ сохт.

1. Бо роҳи қаллобӣ аввал дар ин мавзех қарор дар бораи бунёд кардани истироҳатгоҳи бачагона гирифт.

2. Дар давоми сохтмони истироҳатгоҳ фикрашро дигар карда истироҳатгоҳи бачагонаро қарорашро ба истироҳатгоҳи калонсолон барои 100 нафар иваз кард.

3. Истироҳатгоҳи  калонсолон барои 100 нафар қарорашро ба хонамузеи Ҳабибулло Файзулло, (марҳум падараш) барои гурехтан аз андоз иваз кард.

4. Аз аввал гирд гирди ин қалъаро маҳкам кард ва баъд девори лоинро чаппа карда боқимонда замини гирду атрофи деворро бо девори сангӣ маҳкам карда илова ба заминҳои ишғолкардааш 0,52 га замини дигарро бо қарори раиси ноҳия зам кард.

    Аз ин лиҳоз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки нисбати қонуншиканиҳои мақомоти  Прокуратура дар ноҳияи Ховалинг чораҷӯӣ намоед. Бо умеде, ки қонунвайронкунон бе ҷазо намемонанд. Ҳуҷҷатҳои лозима замима мегардад.

  Аризадиҳанда;    Гулмуродов Қурбоналӣ

            Аз нашрия

Намояндаи ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии «Пайк» баҳри санҷиши дурустии асноду мадраки аризаи шаҳрванд, ки бо каме ихтисор, вале бетағир ба нашр расондааст, озими ноҳияи Ховалинг шуда баҳри риояи адолат бо чанд нафари масъул ҳамсӯҳбат шуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мегардонем.

Файзова Авзалбӣ, раиси ҷамоати Ғафор Мирзои ноҳияи Ховалинг, ки хона-музейи Ҳабибулло Файзулло дар ҳудуди ҳамин ҷамоат мустақар аст роҷеъ ба мавзуъ иброз дошт:

«Сад ташаккур ба Беҳзод Файзуллоев, ки ин мавзеи хеле вайрону валангори ҷойи будубоши говону харонро ба чунин макони биҳиштосо табдил дод. Роҳ сохт, пулро бунёд кард, сангобро соҳилбандӣ карда мардумро аз бими сел наҷот дод.» 

Тибқи мушоҳидаҳои мо, ки чанд соли пеш аз чашмаи номдори Қазған оби мусаффо ва хеле хунуку ширин дорад нӯшида будем, мавзеъ баъди кушишҳои Беҳзод Файзуллоев хеле ободу зебо гаштааст. Хона музейи баландошёнаи хеле хуштарҳу замонавӣ, гулгаштҳои динфиреб, сангкориҳои атрофи мавзеъ ва атрофи чашма, дарахтони берёзаи ҷавону сарсабз (аҷиб, ки дар Тоҷикистон ҳам ин дарахти хеле зебои хоси Федератсияи Русия месабзидааст) роҳравҳои дилнишин назири зебогиҳои ин мавзеъ аст.

Гузашта аз ин, мегӯяд бонӯ  Файзова, Беҳзод Файзуллоев ҳудуди дусад метр роҳи бесоҳиби самти хона-музейро мумфарш ва пули болои сангобро азнавсозӣ кард. Тасмим дошт даҳҳо метр роҳҳои байни маҳаллаҳои атрофро низ мумфарш кунад, аммо беэътиноии сокинон ва гузашта аз ин, чашми нек надоштан ба ҳамаи ин ободкориҳо Беҳзодро дилхунук кард ва ба ҳама раванди ободкориҳо хотима бахшид. Ҳоло сокинони маҳалла на танҳо аз роҳҳои ободкардаи ӯ истифода мебаранд, балки хона-музейи хуштарҳу замонавиро метавонанд баҳри гузаронидани ҳама чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ба таври озод ва ройгон истифода баранд. Ҳама иншоотҳои пастаку лоини фарсудаи дар ҳудуди ин замин бударо чаппа карда бошад ҳам, канортар аз ин манзил ҳамаи онро ба таври замонавӣ сохта ба истифода додааст ва мардум ба таври васеъ аз онҳо истифода мебарад. Умуман Беҳзод Файзулоев барои сокинони ин ҷамоат некии бисёр кардааст, илова кард раиси ҷамоат.

Ва аммо мушоҳидаҳои мо собит сохтанд, ки Беҳзод бо ин ҳама некиҳо баъзе саҳлангорӣ ҳам кардааст. Оне, ки мавзеъро обод кардааст ва як соҳибкори муваффақи кишвар ҳамин миқдор некӣ метавонад анҷом диҳад, дуруст аст, аммо чаро ин ҳамаро бо як қарор нею бо чор қарор анҷом додааст, кас намедонад. Маҳз ҳамин амал шояд шубҳа ба дили аризанависон ҷо кардааст. Дуюм ин ки барои хона-музейи шодравон Ҳабибулло Файзулло ҳудуди якуним гектар замин аз ҳад зиёд аст. Ин шахс ҳамагӣ 35 сол умр дидааст. Бо ҳама бузургиаш осори ӯ наметавонад як бинои баландошёнаи музеяшро пур кунад. Балки чунин хона-музей метавонист барои нигаҳдошти осори Лоҳутӣ, Турсунзода ва Лоиқ барин шоирони умри дарозтар дида ба кор ояд.

Беҳзод Файзуллоев бошад, ба андешаи мо, вазифадор буд, ки дар ин мавзеи биҳиштосои Чашмаи Қазған санатория барои табобат ва истироҳати беморони гирифтори дил ва фишорбаландӣ созад. Муҳим, барои сокинони ноҳияи Ховалинг нархи табобат 50 фисад арзонтар аз мардуми ғайр мешуд. Боду ҳавои ин макон худ дармони беҳамтои ин гуна беморон аст. Хоса ин ду беморӣ дар тамоми ҷумҳурӣ дар ҳоли зиёдшавӣ аст. Берун аз осорхона дар соҳили сангоб майдони дигаре бекор хобидааст, ки Беҳзод метавонист ин маконро барои ҳуҷраҳои табобат бо гили номдор ва шифобахши ноҳияи Темурмалик истифода мекард. Хоса ба гуфти раиси ҷамоат соҳили сангобро маҳз бо маблағгузории худ Беҳзод Файзуллоев соҳилбандӣ кардааст. Хона музейро бошад бигзор дар ҷойи хонаи истиқоматии шоири ҷавонмарг, вале хеле боистеъдод Ҳабибулло Файзуло месохт.

 Мо баҳри риояи адолат фикри ҳарду ҷонибро пешкаши хонанда гардонидем, дигар қазоват аз худи хонанда аст.