- Иҷтимоъ

ГАДО НАБОЯД МУЪТАБАР ШАВАД!!!

 Оне, ки ин дунёро офариду дар он муъҷизот оварид, худ медонист мақому манзалати ҳар оваридаашро. Вагарна, мувозинат вайрон мегашту дунё дигаргун ва офаранда бе офарид.

 Имрӯз инсонҳо бо ақли нобаробари худ бо Офаранда,  кӯшиши вайрон намудани мувозинати рехташударо кардан мехоҳанд. Ба гӯшаи хотири касе намедарояд, ки намебояд лоиҳаи тарҳрезишудаи дунёсозиро, ки аллакай бе мо сохтаанд, тағьир дод. Ва агар нохост каме тағьир додем, ҳатман муҷозот мешавем. Агарчӣ  онро намебинем, вале дер ё зуд ҳис мекунем.

 Ба маврид аст ин ҷо ривоятеро ба ёд биорем. Ҳазрати Исо (а) рӯзе аз мавзее мегузашт, ки ҷамъи кӯдакон бо хӯшиву хуррамӣ машғули бозӣ буданд. Аз шодии кӯдакон паёмбари Худо лаззат мебурд. Иттифоқо, чашмаш ба кӯдаке афтод, ки дар гӯшае маъюсу ноумед, гирён менишаст. Исо (а) наздаш рафту аҳвол пурсид. Он кӯдак гуфт, ки маъюб асту пойи роҳрав надорад, то бо ҳамсолонаш шӯхиву бозӣ кунад. Паёмбар аз Худо илтиҷои саломат гаштани он кӯдакро кард. Хитоб омад, ки Эй Исо(а) дар ҳар кори мо сабабе ҳаст ва ба хотири ту ин кӯдакро саломат мегардонем то аслро бубинӣ.  Кӯдак, ки солим гардид, бархосту бо ҳаёҳӯй ҷониби ҷамъи кӯдакон давид. Лаҳзае баъд фиғону нолаи дигар кӯдакон баромад. Исо(а) чун нек назар кард, дид ки ҳамин кӯдаки маъюббуда ба ҳар ҳамсолеаш, ки наздик мегашт, бо дасту по эшонро мезад ва аз фиғони онҳо лаззат мебурд. Дар лаҳзае ҷамъи кӯдакон пароканда гаштанду аз он хуррамӣ нишоне намонд. Исо(а) рӯ ҷониби Худо кардаву гуфт, эй бор Худоё. Он чӣ ту медонӣ мо аз ҳолаш ғофилем. Ин кӯдакро мисли қадимаш гардон, ки дигарон тоқати ситами ӯро надоранд.

Гадоро набояд пайсаи зиёд дод

 Боре бо 2-3 тан аз ошно, ки бою давлатдор буданд, наздики бозоре истода будем. Ду нафар омаданд назди мову талаби садақа карданд. Ман, ки нисбати ошноҳо бечоратар будам, ба он гадоён 3-сомонигӣ додаму он рафиқон бошанд 1-сомонигӣ. Баъди рафтани гадоҳо, яке аз он ошноҳо гуфт, ки чаро 3-сомонигӣ додӣ? Гуфтам, гадоанд охир. Дигарӣ бо ханда гуфт, «эй бародар, аввал ин, ки ҳамин гадоҳо зӯру бозӯи аз ту қавитар доранд, яъне метавонанд кор кунанду музд ситонанд, на гадойӣ. Вале, муҳимтар он аст, ки  Худованд донотар аз ҳама инсонҳо аст ва ин тоифаро гадо офаридаву ризқашонро камтар кардааст. Мантиқан, инсон қудрати тағьир додани нақшаи кашидашударо надорад. Ва ин нақшаро бехабар аз мо мекашанд. Якеро бою бадавлат, дигаре миёнаҳол, баъзеро камбағалу камбизоат ва ахириро гадову талбанда. Агар мо ин тоифаро пули зиёд диҳему сарватманд шаванд, дигар аз Худо бехабар мешаванд. Гузашта аз ин, моликони сарватдодаашонро таҳқиру азоб медиҳанду ба қадрашон намерасанд. Зиндагӣ пурпечу тоб аст, рӯзе аз ин гуфтаҳои мо ёд мекунӣ».

Аз асилзода ҳам бадзот мерӯяд

 Бо гузашти муддати зиёд аз ин моҷаро, бевосита шоҳиди зиёд ҳолатҳое мешудам, ки ҷавонмардони ҳақиқии давлатманд бо умеди раҳоӣ аз фақру парешонии ёру ошно ва наздикони худ, аз сарвати худ тақсим мекарданд. Аммо баъзе аз он ноошноҳо баробари соҳиби молу сарват гаштан,  дигар аз дастгирифтаи худ фаромӯш мекарданд. Балки, ин мардбачаро дар ғайбаш таънаву маломат ва ҳатто таҳқиру дашном  мекарданд. Гузаштаи худро ба ҳеҷ ҳол ба ёд оварданӣ нестанд, гӯиё ҳама умр инчунин будаанд.                             

 Як дӯсти бофарҳангу ҷавонмардам боре гуфта буд, ки аз асилзода ҳам бадзот мерӯяд. Ба андешаи ӯ, булбул дар як сол якчанд чӯҷа мебарорад, аммо дар ин миён танҳо яктоаш булбул мешаваду боқимонда «қақапиш» (яъне, ҳеҷ чиз).

Исботи ин гуфтаҳоро ҳам  борҳо шоҳид шудаем. Як нафаре, ки воқеан ҳам ҷавонмарди босаховату мардсиришт аст, қисса кард, ки ахири асри гузашта  сарватманду пулдор буд. Ба хотири номусу нанг ва зиндагонии хӯши наздикон, як бародари хурдиашро аз синни мактабхонӣ  зери назорату нигаҳбонии худ мегирад. Баъди хатми мактаб, додараш дар хориҷа, ба яке аз донишгоҳҳои бонуфуз дохил мешавад ва тамомии сарфу харҷи моливу пулиашро ӯ ба анҷом мерасонид.

 Додараш донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм карда, ба ватан бармегардад. Бародари калонӣ маслиҳат медиҳад, ки ба деҳа наояд, вагарна меҳнату хонданаш барбод меравад ва барои додараш дар пойтахти ҷумҳурӣ, ки мавқеи доимии русзабонҳо буду барои тоҷикон дастнорас, бо арзиши гарон хона мехарад. Додар муқими Душанбе гашту соҳиби ҷойи кор ва аз бародари калонӣ миннатгузор. Ахирӣ боз ҳам ба хотири ҳамхунӣ ва хӯшҳолии додар, соле баъд ӯро зан додаву оиладор намуд. Дар ин миён чӣ қадар корҳои зиёде бо сарфи маблағҳои зиёд барои пешрафти додар намуд, ӯ медонисту додару Худо.  Ахири солҳои асри пор давлати Шӯравӣ барҳам заду дар кишвар ҷангу кашмакашиҳо сар заданд. Дигар на ҷойи кор монду на пулу мол. Бародари калонӣ ҳам, мисоли дигар ҷавонмардони дар гузашта доро, нодору бечора гашт. Бо хости тақдир, бародари хурдӣ соҳиби ҷойи кори хуб буду бо гузашти вақт дорову сарватманд гардид. Ҳамакнун, дар шаҳр 5 хонаи ба истилоҳ сексия дошту 1 ҳавлии дигар. Аммо боре  бародари калониро дастгирӣ накард, ҳарчанд ки ӯ бечораву нодору эҳтиёҷманд гашта буду кудаконаш, ки замоне аз нолаи даҳони онҳо кандаву сарфи додараш мекард,  гурусна буданд.

Ин рафиқ мегӯяд,  ҳаргиз аз додараш чизе тамаъ накардааст ва нахоҳад кард, чун яқин кардааст, ки дар ниҳодаш ҷавҳари мардӣ нест. Аммо, аламовар он аст, ки ҳар лаҳзае бо ҳам оянду нохост ёде аз рӯзҳои гузашта равад, додари хурдӣ ҳатман бо ӯ ба ҷанҷол даромадаву дашному таҳқир мекард. Гӯиё, ба иззати нафси «бойбача» расида бошад.

 Воқеан ҳам, ҳар нафаре, новобаста аз хешиву бегонагӣ, бо ин ҳама,  аз сари ҷавонмардӣ мебоист дастгири дастгирифтааш мешуд, на гиребонгир. Ҳатто номард ҳам пас аз ин гуна гиру дор бо доройи 6-хона,  хонаи ҳалоли  бародарро пас мегардонид, ҳарчанд ки ӯ талаби он накарда бошад ҳам.

 Дигареро медонам, ки чанд тан аз бародарони хуниашро дар ин замони бекориву сахтӣ ҳатто нони ба серӣ хӯрдан намеёфтанд, соҳиби ҷойҳои кориву мартабаи баланд намуду дигар ин наздикон ёди ӯ намекунанд. Ҳатто аз Душанбеву Бохтар ҳар гаҳе ба Кӯлоб, ба дидорбинии хусуру хушдоман мераванд, аз ҳоли бародар хабар намегиранд. Вале дар ҳали ягон мушкили ба сарашон омада, ҳатман суроғи бародари «корбудкун» мешаванд. 

Бегумон дар ин чанд мисол номардакон худро мебинанд, аниқтараш намебинанд, ки эшон дигар аз сари таккабурӣ дар сар хаёли андеша надоранд ва мардбачаҳое ҳам, ки бо иллати нодонӣ ва бехабарӣ аз макри замонаву ҳарисии наздикон сарвати худро тиҳӣ кардаанд, худро хоҳанд шинохт. Аммо ин овардаҳои мо низ ба хотири он буд, ки бояд марду номард, гадову доро дар мавқеи худ бошанду ҳич нафаре тағьири қисмату тақдир накунад. Вагарна, подоше ба мисоли ҷазо хоҳад гирифт.  

 Ин гуна ҳаводис дар ин ҷаҳони номардпарвар зиёданд ва «гӯнаҳкор»-и усулии он худи моем. Зеро, бо нофаҳмиву бедаркӣ аз  фазилати Илоҳӣ, мехоҳем ноарзандаеро арзанда намоем. Азизони сарватдору давлатмард ва фақирону нодорон, биёед бигзорем мувозинат дигар нашавад. Пулдор пулдор бошаду фақир фақир ва гадо гадо монад, агар инро мехоҳад, зеро

Ё Рабб, макун ки гадо муътабар шавад

Гар муътабар шавад зи Худо бехабар шавад

 Ин сухани волоро ҳанӯз 1000-сол пеш бузургворе гуфтааст, ки мусалламан, баъди таҳлилу санҷиши зиёд рӯйи коғаз овардаву то ба мо расондаанд.

                                                                       Аслиддин   Достиев

My question is write my essay online can we use the book on tis site.