- Иҷтимоъ

БА ТАШНАГОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ОБ ДИҲЕД!

Сокинони ноҳияи Хуросон тули солҳост, ки аз надоштани оби тозаи ошомидании безарар танқисӣ мекашанд. Онҳо мегуянд, ки аз замони бунёди ноҳия то ин ҷониб оби тоза надоранд ва барои таъминоти онҳо бо об то ҳануз касе остин бар назадааст. 

   Бо вуҷуди дорои захираҳои зиёди обӣ будани Тоҷикистон имрӯз дар вилояти Хатлон ҳастанд шаҳру ноҳияҳое, ки аз ҷиҳати оби тозаи ошомиданӣ мушкилӣ мекашанд. Инро метавон дар мисоли сокинони ноҳияи Хуросон маънидод кард.  Як гурӯҳ сокнинони биноҳои баландошёнаи ноҳияи Хуросон иддао доранд, ки зиёда аз 20- сол аст, ки бо оби харида зиндагӣ доранд. Дар ин баробар қубурҳои обгузар солҳост вайрону валангоранд. Ба гуфтаи ҳолдонон ҳамакнун 12- фисади сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин буда, боқимонда 88 % сокинони ноҳия аз оби тозаи нӯшокӣ маҳруманд.

paper writer

Муродгул Юлдошова, раиси маҳаллаи Исмоили Сомонии Ҷамоати  шаҳраки «Обикиик»-и ноҳияи мазкур зимни сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «ПАЙК» гуфт, ки «Мо аз надоштани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашем, аз ин хотир аз оби ҷӯй харида дар чоҳҳо захира намуда, истифода мебарем, ки тозагии онро ягон сохтор кафолат намедиҳад».

    Бояд гуфт, ки аксари сокинони маркази ноҳия обро харида истифода мебаранд, ки ба гуфтаи онҳо гоҳо қиммати як мошини обе, ки тақрибан 5-6 тонна аст ба беш аз 100- сомонӣ ҳам мерасад. Аз набудани хати оби нӯшокӣ маскунон дар назди биноҳо барои қонеъ намудани  талаботи худ чоҳ сохта обе, ки аз боришоти борон ё харида ин ҷо захира намуда истифода баранд.   

88- дарсади аҳолӣ оби тоза надорад!

     Абдусаид Набиев, сармуҳандиси идораи хоҷагии манзилию комуналии ноҳия афзуд, ки «Истиқоматкунандагони ноҳия аз оби техникӣ барои нӯшидан истифода мебаранд, ки ин тамоман мумкин нест. Инчунин аз 113- ҳазор аҳолии ноҳия 12- дарсадаш бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин асту халос. Оберо, ки маскунон истифода мебаранд ба талабот ҷавобгу нест, лекин аз ноилоҷӣ онро менӯшанд. Дар ҳақиқат, сокинони ноҳияи Хуросон аз набудани оби тозаи ошомиданӣ мушкилоти зиёд доранд», илова намуд вай.

   Тағоймурод Соҳибназаров, сокини ноҳия нафаре, ҳаст,ки дар хонааш барои захираи оби борон чоҳ кофтааст. Ба иддаои ӯ дар чоҳи кофтааш 3- мошин, ҳудудан 15 тонна об захира мекунад, то аз набудани об танқисӣ накашад. ӯ зикр кард, ки обро мо харида истифода мебарем, як мошин об 3-4 руз мебарад, аз ин ру захираи обро дар чоҳ афзалтар донистем.  5- тонна обро 100- сомонӣ харидорӣ мекунем, ки ин барои нафарони бе ҷои кор мушкил аст.

Зиндагӣ бо оби харида, он ҳам оби техникӣ             

Як сокини 66- солаи ноҳия ба шарти зикр нашудани номаш бо таасуф афзуд, аз замоне худро мешиносад аз оби харида ва аз канал истифода мебарем, аз ин лиҳоз мушкилотамон зиёд аст. Пас аз соли 1992- оби канал ҳам хушк шуд ва аз будани он ҳам маҳрум гардидем, ҳоло обро мехарем, ки барои хурданамон мерасаду барои маҳсулоти кишоварзӣ ва боғу чорвоҳо не. Аз ин сабаб дарахтони шинонидаамон хушкидаанд, мегуяд вай.

Ривоҷиддин Мирзоев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки «Обикиик»-и ноҳия баракси дигарон бо изҳори қаноатмандӣ гуфт, ки «Аз шумораи умумии зиёда аз  8-ҳазору 900- нафар аҳолии ҷамоат, зиёда аз 60 фисадаш бо оби тоза таъмин аст». Манбаъ мегуяд, ки қисми зиёди аҳолии ҷамоат аз оби тоза истифода мебаранд, обе, ки онҳо истеъмол мекунанд чандон тоза нест.

 Аммо Абдусаид Набиев, сармуҳандиси идораи хоҷагии манзилию комуналии ноҳия иброз медорад, ки «Дар фасли гармо мардуми маркази ноҳия ҳамаруза дар умум 60-70- нақлиёт об аз ҷӯю каналҳо барои истифодабарӣ мекашонанд, ки ҳаркадом ба қиммати аз 80- то 100- сомонӣ харидорӣ карда мешаванд».

    Дар воқеъ ин мушкилӣ ба қавле, куҳнаю дарди бедавои сокинони ин ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо гузашти солҳои зиёд ҳалли худро пайдо накардааст.

         Теъдоди бемориҳои сироятӣ афзудан дорад

      Ҳолдонон мегуянд, оберо, ки мардум истифода мебаранд тамоман нӯшиданаш мамнуъ аст, зеро аз истифодаи ин гуна об гирифторшавӣ ба ҳар гуна беморӣ аз эҳтимол дур нест.  Масъулини маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар такя ба таҳлилҳои кардаашон мардумро ҳушдор додаанд, ки аз оби ҷӯйҳо истифода набаранд. Чунки ба иддаои онҳо хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои мухталиф аз чунин обҳо аз эҳтимол дур нест.

 Бино ба маълумоти масъулини маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия  соле се маротиба ҷӯю каналҳоро бо маҳлули махсус безарар мегардонем, аммо як маротиба безараргардонӣ ҳамагӣ 4-5 рӯз таъсир мерасонаду бас.

 Оби наҳре, ки истиқоматкунандагони ноҳияи Хуросон истифода мебаранд, поёноби ноҳияи Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, ки тозагии онро ягон ниҳод ё шахс кафолат намедиҳаду дар фасли гармо боз ифлостар мешавад. 

Дар ду даҳсола мақомот 75- ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст

    Бояд гуфт, ки хатҳои оби нӯшокӣ дар ноҳияи мазкур ҳанӯз аз солҳои 1987- кашида шуда, ҳамакнун 80- дарсади он корношоям ва фарсуда гардидааст. Ҳарчанд, ки норасоии оби тозаи нӯшокӣ аз мушкилоти умдатарини сокинони ноҳияи Хуросон маҳсуб мешавад, мақомоти маҳаллӣ дар беш аз ду даҳсола барои ҳалли он чандон талош накардааст.

 Суҳайлӣ Баротов, корманди Раёсати молияи ноҳияи мазкур зимни сӯҳбат афзуд, ки «Барои таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ аз буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2015- 75- ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин ҳам барои таъмиру барқароркунии насосҳои обкашӣ масраф гардидааст».

    Инчунин ӯ илова намуд, ки ҳоло аз замони барқарорсозии ин агрегатҳои обкашонӣ чанде аз сокинони ноҳияро ҳама рӯза 3- соат бо оби тоза таъмин месозанд.  Зикр кардан ба маврид аст, ки аз замони таъсисёбии ноҳияи Хуросон  аз оби ҷуй истифода мебаранд.  Аммо ин ҳам беш аз 20- сол аст, ки онҳо обро харида ва аз чоҳҳои кофтаи худ захира намуда истеъмол мекунанд. 

     Сокинони 7- деҳа дар орзӯи оби тозаанд!

     Ҷамоати деҳоти ба номаи Садриддин Айнии ноҳия 16- деҳа дорад ва аҳолиаш беш аз 29- ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 7- деҳааш то кунун ба пуррагӣ оби тоза надоранд. Дар ин баробар чандин деҳаҳои дигараш низ қисман оби ошомидании тоза доранд.

     Абдулаҳад Мирзохонов, муовини раиси ҷамоати мазкур зикр кард, ки «Дар 7 деҳае, ки тамоман аз оби нӯшокӣ маҳрум аст, дар онҳо 12- ҳазору 880- нафар аҳолӣ иқомат дорад.   Деҳаи Томчӣ, Ганҷина, Чорбулоқ, Навзамин, Гулистон, Ҷавонӣ ва Истиқлол аз ҷумлаи деҳаҳое мебошанд, ки аз замони бунёдашон ба оби ошомиданӣ таъмин нестанд».

    Инчунин қайд гардид, ки сокинони ин рустоҳо обро харида ё аз ҷӯйҳои наздики деҳаҳо истифода мебаранд, ки он оби техникӣ аст.

                  Масъулин чӣ тадбир меандешанд?

       Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи зикргардида зимни нишасти матбуотии ахираш санаи 15- 02- 2019 гуфта буд, ки «Дар ноҳия 19- фоизи сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанд. Ду сол аст, ки дар ин масъала корҳо ҷараён доранд. Дар ин баробар  барои таъминоти сокинони ноҳия бо оби тоза бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ширкати «JIRA»-и Ҷопон ба маблағи 50- миллион евро корҳои лоиҳакашӣ идома доранд, бояд бо об таъмин карда шаванд».

    Дар ин замина қайд, гардид, ки норасоии об мушкилоти асосӣ аст, ки барои бартараф намудани он мақомоти маҳаллӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ соли ҷорӣ оғоз гардад, агар ин иқдом амалӣ шавад, 85%-и сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

      Бо вуҷуди он, ки қисмати зиёди маскунони ноҳия аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, вале зиёда аз 3- деҳаи дигар дар ин минтақа аз ҷиҳати омадани сел осебпазир арзёбӣ мегарданд, гуфта буд раиси ноҳияи мазкур дар нишасти матбуотиаш. Гуфта мешавад, ки дар ин рустоҳо ҳудуди 500-хоҷагӣ иқомат мекунанд. Тибқи иттилои дастрасшуда имсол дар пайи боришоти борони зиёд сокинони чанд деҳаи осебпазир аз ин ноҳия зарар диданд. Ҷоизи зикр аст, ки норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва истифодабарии сокинон аз обҳои техникӣ аз мушкилоти меҳварии сокинони ноҳияи Хуросон ба шумор меравад. Ба иддаои ҳолдонон қисми зиёди истиқоматкунандагони ноҳия аз оби техникӣ, аз ҷӯю каналҳо менушанд, ки ин обҳо ба талабот ҷавобгу нестанд. Мутахасисони маркази назорати давлати санитарию эпидемиологи мегуянд, ки аз чунин обҳои ифлос шахс метавонад ба бемориҳои гуногун гирифтор шавад. Дар ин баробар сокинони биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Исмоили Сомонӣ маркази ноҳия барои рафъи мушкилоташон аз оби дар чоҳ аз борон  захира намуда ва харида истифода мебаранд, ки тозагии он ҳам дар гумон аст. Инчунин сокинон аз он нигаронӣ мекунанд, ки барои бартараф намудани ин мушкилот масъулин чандон таваҷҷуҳ надоранд, зеро ин мушкилӣ аз солҳои пеш то ин ҷониб боқӣ мондааст. Пас масъулини ноҳияро мебояд ҳарчӣ зудтар барои таъмини сокинон бо оби тоза кушиш намоянд.

                                               Аҳмади Раҳим