- Иқтисод

8 МИЛЛИОН ҚАРЗИ АНДОЗ ДАР ТЕМУРМАЛИК

Ба ҳамагон маълум аст, ки рушди иқтисодиёти ҳар кишвар аз фаъолияти пурсамари корхонаю ташкилот, дар маҷмӯъ андозсупорандагон вобастагии калон дорад. Аммо мо наметавонем, гуем, ки бо фаъолияти чанд корхонаи хӯрдакак иқтисодиёти кишварро пурра таъмин намуда, буҷети ҷумҳуриро пур кардан мумкин аст. Мутаассифона, имрӯз корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳое фаъолият мекунанд, ки дар назди буҷети давлатӣ маблағи калони қарзи андоз доранд, ки боиси таассуф ва нигаронӣ аст. Дар ноҳияи Темурмалик бақияи қарзи андоз аз соли 2012 то ба имрӯз боқӣ монда ба 8 миллиону 961 ҳазору 800 сомонӣ расидааст. Бақияпулиҳои қарзи андоз дар ин ноҳия яке аз мушкилоти ҳалношуда боқӣ монда, кормандони андози ноҳияро ба ташвиш овардааст.    

Маҷиддин Каримов, сардори Нозироти андози ноҳияи Темурмалик ҳангоми сӯҳбат иттилоъ дод, ки бештари бақияпулиҳои қарзи андоз аз соли 2012 боқӣ монда, он асосан аз ҳисоби кооперативҳои тиҷоратӣ ва ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ мебошад. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки феълан дар ҳудуди ноҳия 8 адад Кооперативи тиҷоратӣ ва 5 идораи давлатӣ дар назди буҷет маблағи калони қарзи андоз доранд. Кормандони нозироти андози ноҳия дар ин давра ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз бо андозсупорандагон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ пайваста семинар — машварат ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд, — гуфт Каримов М.

Номбурда ҳамчунин, илова кард, ки айни замон ба назар мерасанд, андозсупорандагони бемасъулияте, ки талаботҳои Кодекси андози кишварро риоя накарда даст ба ҳуқуқвайронкунии андозӣ мезананд, ки ин ҳолат боиси афзоиш ёфтани бақияпулиҳои қарзи андоз дар ноҳия мегардад. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида 89 фоизи нақшаи буҷети ноҳияро ташкилоту идораҳои фаъолияткунанда пур мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бақияпулиҳои қарзи андоз дар ин ноҳия аз соли 2012 то ба имрӯз  расида, масъулини ҳукумати ноҳия бошанд, бар лаб муҳри хомӯшӣ зада, боре сари ин мушкилот чораандешӣ накардаанд. Бояд гуфт, ки  таъмини нақшаи буҷети давлатӣ натанҳо вазифаи худи мақомоти андози ноҳия аст, балки дигар ташкилоту идораҳои дар ноҳия фаъолияткунанда муваззафанд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андози ноҳия ҳамкорӣ намуда, бақияпулиҳои қарзи андозро кам намоянд. 

Аз нозироти андози ноҳия ба мо руйхати чанд кооперативи тиҷоратӣ ва ташкилоту корхонаҳои қарздорро пешниҳод намуданд, ки  ҳоло бошад рӯи саҳифа меорем, то ин, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Темурмалик аз вазъи ба амал омада бохабар шаванду аз пайи кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз камари ҳиммат баста, чораҳои қатъӣ андешанд. Чунки пешрафту шукуфоии ҳар як давлату миллат пеш аз ҳама аз пардохти саривақтии маблағи андозҳо вобастагии калон дорад.

 Ба гунаи мисол, метавон Кооперативи тиҷоратии «Хоҷагии ҷамоавии зоотпарварии Кангурт»-ро ҳамчун далел овард. Кооперативи мазкур дар назди буҷет ба маблағи 1 млн. 480 ҳазору 166 сомонӣ қарздор буда, аз ин маблағ 816 ҳазору 300 сомониашро фоизҳо ташкил медиҳанд. Кооперативи тиҷоратии «Хоҷагии тухмипарварии Ҷалолидини Румӣ» низ аз ҳамин қабил қарздорони ноҳия ба шумор рафта, қарзи андозаш ба 1 млн. 455 ҳазору 797 сомонӣ мерасад, ки аз ин маблағи 705 ҳазору 534 сомониашро фоизҳо ташкил медиҳанд. Кооперативи тиҷоратии ба номи «Қушқия» бошад, дар назди буҷети давлатӣ ба маблағи 1 млн 660 ҳазору 619 сомонӣ қарздор мебошад. Аз маблағи дар боло зикршуда 1080159 сомониро фоизҳо ташкил медиҳанд. Қарзи Кооперативи тиҷоратии ба номи «Исмоили Сомонӣ» бошад, ба 566 ҳазору 858 сомонӣ расидааст. Ба ҳамин тартиб, метавон шумораи зиёди кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро номбар кард, ки дар назди буҷети давлатӣ маблағи калони қарзи андоз доранд. Мисол, Кооперативи тиҷоратии «Ваҳдат-2006» қарзи андоз 389 ҳазору 431 сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии «Ғалаба -2014» маблағи қарз 304 ҳазору 529 сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии ба номи «Ҷайралӣ» қарзи андозаш 449 ҳазору 325 сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии «Оличабулоқ» қарзи андоз 32 ҳазору 296 сомонӣ, Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии ноҳияи Темурмалик қарзи андоз 276 ҳазору 974 сомонӣ, Идораи комуналии шаҳраки Совет қарзи андоз 342 ҳазору 222 сомонӣ, Тоҷиктелекоми ноҳия 43 ҳазору 323 сомонӣ ва Муассисаи худмаблағгузори таъмиру сохтмонии ноҳияи Темурмалик қарзаш 34 ҳазору 425 сомониро ташкил медиҳанд, ки кормандони андози ноҳияро нигарон кардааст.

Ба ҳамин тартиб, метавон шумораи зиёди корхонаю ташкилот, муассисаю хоҷагиҳои деҳқониро номбар кард, ки дар назди буҷет маблағи калони қарзи андоз доранд. Чунин бақияпулиҳои қарзи андоз натанҳо дар ноҳияи Темурмалик ба назар мерасад, балки дар дигар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб низ чунин ҳолати ногувор дида мешавад. Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмаликро зарур аст, ки аз ҳама имкониятҳо истифода карда ҳарчи зудтар бақияпулиҳои қарзи андозро кам намоянд. Тибқи маълумотҳо феълан дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик 364 соҳибкор тибқи патент фаъолият мекунанд, ки аз ин рақам 195 соҳибкори инфиродӣ дар назди буҷети давлатӣ қарздор мебошанд. Кормандони мақомоти андоз дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади руёнидани бақияпулиҳои қарзи андоз дар ин давра ба 135 соҳибкори инфиродӣ огоҳинома ирсол намуданд. Дар натиҷа аз ҳисоби огоҳиномаҳои ирсолгардида ба буҷети давлатӣ 9 ҳазору 476 сомонӣ маблағи андоз пардохт гардидаасту халос.

Кормандони Нозироти андози ноҳияи Темурмаликро зарур меояд, ки ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои марбута ва мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида, баҳри ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ саҳми босазои худро гузоранд. 

Исломи РАҶАБАЛӢ

Harrying denotes being bothered, but the research paper writers word is much milder than harrowing.