- Фарҳанг

ДАР ВОСЕЪ МУАССИСОТИ ФАРҲАНГӢ ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАНД

Зикр кардан бамаврид аст, ки кино яке аз бахшҳои умдаи фарҳанги ҳар халқу миллат ба шумор рафта, гузаштаро ба мо мешиносонад, тарзи зиндагонии муосирро меомӯзонад, ҳар фардро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва савияи маънавии моро боз ҳам ғанитар мегадонад.

Ба ин хотир мо аз ҳолати ҳозираи кинотеатрҳои ноҳияи Восеъ дидан кардем. Ба хулосае омадем, ки вазъи кунунии кинотеатрҳо дар ин ноҳия дар ҳолати ногувор қарор дорад. Нисбати маълумоти бештар дарёфт кардан оиди шумораи кинотеатрҳо дар ноҳия ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ муроҷиат намудем. Аммо маълумоти дақиқ аз мақомот дарёфт накардем. Ҳоло он, ки дар ноҳия ҳатто намояндаи  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмуд Саймуъминов маошхури ҳамин ниҳод аст.

Маҳмуд Саймуминов оиди ин мавзуъ посух дод, ки бинобар сабаби маблағҳои лозима набудан кинотеатрҳо ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Бо гуфти Саймуъминов дар ноҳия ҳамагӣ ду кинотеатр арзи вуҷуд дорад, яке кинотеатри зимистонаи «Шоҳин» ва дигаре кинотеатри тобистона. Бояд тазаккур дод, ки ҳардуи иншоот дар кӯчаи марказии ноҳия ҷойгиранд. Ҳудуди кинотеатр ба як ҳолати хароб мубаддал гашта, гирду атрофи иншоот пур аз хасу хошок, сангу шағал ва алафҳои бегона аст. Ҳатто ҳудуди кинотеатр маҳдуд гашта аст, аз ҳисоби манзилҳои истиқоматӣ.  Майдончаи даромадгоҳи асосиро кули оби борону ҷуйборҳо зер намуда, гузаштан аз имконият берун аст. Қисмати даромадгоҳи асосии кинотеатрро Шуъбаи фарҳангӣ ноҳия ба иҷора гирифта, фаъолияти корӣ менамоянд, аммо назари ягон корманди фарҳанг ба ин кули об намерасад. Ба гуфти масъулин шуъбаи фарҳанг то ҳол барои иҷорапулӣ ягон танга пардохт накардааст.

admin

ghostwriter erfahrungen

 Қисмати дохили кинтотеатр пур аз ашёҳои нолозим, қуттиву халтаҳои пӯсида гаштааст. Бо гуфти Саймуминов дар қисмати дохилӣ, яне ҷойҳои нишастҳо бо дастгирии соҳибкорон ва маблағгузории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъмир рафта истодааст.  Танҳо кинотеатри «Шоҳин» дар тавозуни Муассисаи далатии Тоҷикфилм ҳаст, дигарон дар тавозуни ҷамоатҳо мебошанд.

Ҳолати кинотеатри тобистона низ беҳтар аз ин нест. Ҳатто шаҳрвандон наметавонанд аз як тарафи роҳ ба тарафи дигар гузар кунанд, бинобар сабаби кули оби ифлос дар назди кинотеатр буда. Ҳоло он, ки кинотеатр начандон дур аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Кинотеатри тобистонаро соҳибкор Саидов Музаффар чанд сол қабл бо қарори раиси ноҳия харидорӣ намудааст. Бо гуфти ӯ, маблағи зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ барои таъмир сарф намуд. Айни ҳол бинобар сабаби набудани маблағ таъмир мавқуф гузошта шуд. Ин мавзеъ низ мисли дар боло қайд гардида, яне  кинотеатр қариб ҳудуд надорад. Аз ду тараф хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамзамон худи соҳибкор фаро гирифта шудааст. Мо хостем вориди дохили бино шавем, аммо барои даромадан ба дохил соҳибкор Саидов монеъагӣ эҷод кард. Вале бо гуфти шаҳрвандон қисмати дохили бино ба ғайр аз дарахт дигар чизе надорад. Дар ҳақиқат дар қисмати чапи доихили бино ду дарахти худруй намудор буд. Бо гуфти Саидов ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, маблағ дарёфт карда баъдан ба таъмир шуруъ мекунад. Ҳамин тариқ, мо сари мавзӯъ бо раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук Амина Гулмадова ҳамсуҳбат шудем. ӯ гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти фарҳангӣ аз он ҷумла кинотеатрҳо, махсусан, ободу зебо гардонидани марказҳои фарҳангӣ эътибори аввалиндараҷа дода истодааст. Бале дар маркази ноҳия ду кинотеатр арзи вуҷуд дорад, яке зимистона ва дигаре тобистона. Кинотеатри зимистона «Шоҳин» дар тавозуни ҷамоат мебошад. Мо бо дастгирии як қабил соҳибкорон қисмати дарунии онро таъмир карда истодаем ва ният дорем, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ як қисмати зиёди онро аз таъмир барорем. Сабаби ҳамаи ин нокомиҳо нарасидани маблағҳои лозима мебошад. Сари мавзӯъ пурсон шудем, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия барои таъмир ягон миқдор маблағ то кунун ҷудо шудааст ё на? Бо гуфти раиси ҷамоат то ҳол ягон маблағ ҷудо нагардидааст. Ман боварӣ дорам, ки ин мушкилот дар соли оянда бартараф мешаванд, ва барои мардумамон шароити хуби фарҳангӣ муҳайё месозем.

Вале бояд қайд кард, натанҳо холати кунунии кинотеатр бад аст, балки ноҳия дорои боғи фарҳангию истироҳатии замонавӣ нест. Тайи чанд сол аст, ки сохтмони иншооти қасри фарҳангии ноҳия, ки дар қисмати кинотеатри тобистона ҷойгир аст, то ҳол  ба итмом нарасидааст.

Ҷиҳати дар кадом сатҳ қарор доштани вазъи рушди деҳот аз ҷамотаи деҳоти Мирзоали Вайсов дидан кардем. Дар идораи Ҷамоат дар рӯзи корӣ касеро дарёфт накардем. Бо котиби ҷамоат Назаров А. тариқи телефонӣ ҳамсуҳбат шудем. Ў посух дод, ки мо омада наметавонем, аммо як намояндаамонро равон мекунем, аммо пай буду ҳайдар не. Дар шафати ҷамоат клуби маданӣ равшаннамоӣ ҷойгир аст. Ҳолати ин клуб низ мисли иншоотҳои пештара бад буд. Ба талаботи оддитарини меъёрҳои фарҳангию санитарӣ ҷавобгӯ нест. Сари мавзӯъ ҳамсуҳбат шудем бо мудири клуб, пештара киномеханики клуб- Нуралӣ Шарифов.  Бо гуфти ӯ клуб тайи 20- сол дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, ҳоло он, ки клуби мазкур дар шафат ва тавозуни  ҷамоати деҳот қарор дорад, ҳоло бошад дар тавозуни шуъбаи Фарҳанг ба қайд гирифта шудааст, аммо маблағгузорӣ то ҳол ба таъхир монд. Бо саҳми худ ба миқдори зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ дохили биноро таъмир намудам. Ростӣ, ман аз ин касб нони ҳалол хурдаам, то кунун дилам ба ин клуб ва касбам месӯзад. То ба имрӯз ман клубро нигоҳубин намудам то, ки дар фасли боронгарӣ начакаду валангор нашавад.

Бинед, ки як марди бовиҷдон чигуна дилаш ба кору пайкори худ месузад, агар мо имрӯз мисли ӯ ҳамин хел ҳайрхоҳ шавем зодогоҳамон гулафшон мешавад, аммо афсус.. . Боиси зикр аст, ки дар маркази ин ҷамоати ба қавле пешрафта  аз  рушди деҳот нишонае нест, пас аз дигар деҳаҳо чӣ ҳоҷати гап аст?

Агар Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хамасола ба миқдори каме ҳам маблағгузорӣ мекарданд, ин ҳолат аз байн рабурда мешуд. Ҳоло он, ки мо дар арафаи ҷашни бузург ҳастем. Бояд қайд кард, ки натанҳо кинотеатрҳо, балки муносибати  фарҳангӣ нисбати ёдгориҳои таърихӣ, боғҳои истироҳатӣ аз мадди назар дур мондааст. Ҳайкали қаҳрамони миллати тоҷик Восеъ берангубор, сангпораҳои гирду атрофи ҳайкал афтида гирду атрофаш пур аз хасу хошок ва алафҳои бегона гаштааст. Дар гузашта ин гӯша ифтихори сокинони ноҳия буд.

Мо – тоҷикон — маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаҳаи таърихиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда ҷашн мегирем. Пас бубинед, ки амру супориши Сарвари давлат дар як ноҳияи бонуфуз дар кадом сатҳ қарор дорад? 

Аммо, вазифаи муқаддаси мо ҳамин аст, ки амру супоришҳои Пешвои миллатро сари вақт амалӣ гардонем, то ватанамон рушд кунаду зиндагии муносиб барои мардум муҳайё гардад.

Фарҳод МАДАМИНОВ, Пайк