- Иқтисод

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КӮЛОБ

14-15 ӯми июн дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии соҳибкорон баргузор гардид. Ширкатҳои гуногуни саноатӣ ва кишоварзӣ дар ин Форум назири маҳсулоти истеҳсолнамуда ва дастовардҳои дигари худро ба намоиш гузоштанд.

https://homework-writer.com

Саймурод Исмоилзода, муовини раиси Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки Форуми мазкур бо ташаббус ва иқдоми Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳукумати шаҳр баргузор гардид. Дар маҷмӯъ 300 нафар сарварони ширкат ва меҳмонон аз Осиёи Миёна, Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Халқии Хитой даъват шудаанд. Як рӯзи пеш аксарияти меҳмонони даъватшуда ба Кӯлоб омаданд ва субҳи барвақт 14-ӯми июн назири маҳсулоти худро ба маъраз гузоштанд. Ҳукумати шаҳр чанд рӯзи пеш барои баргузории ин Форум омодагӣ медид. Ҷой барои баргузории намоишгоҳ майдони назди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб интихоб шуд. Хаймаҳо дар макони мудаввар ва пештоқҳои муҷаҳҳаз ба меҳмонон писанд омад.

Илҳом Ортиқов, сарвари ширкати «Водии меваҳо» аз ноҳияи Исфараи вилояти Суҷд дар сӯҳбат бо «Пайк» аз бурду бохти ширкати худ сӯҳбат кард. Аз ҷумла иброз дошт, ки ширкат беш аз 30 намуд маҳсулоти меваи хушки ватанӣ истеҳсол мекунад ба бозори кишвар ва берун аз кишвар ба фурӯш мегузорад. Маҳсулоти ин ширкат дар тамоми дунё харидори худро дорад. Аз ҷумла мамолике ба мисли Олмон, Россия, Туркия, ИМА маҳсулоти моро харидорӣ мекунанд, мегӯяд сарвари ширкат. ӯ инчунин қайд кард, ки ширкат дар як сол метавонад то 2 000 тонна меваҳои ватаниро коркард кунад ва фурӯш гузорад.

Илҳом Ортиқов инчунин аз боби он сӯҳбат кард, ки нофаҳмиҳо дар сохтори андоз барои ширкати мо ва гумон дорам дигар ширкатҳои ватанӣ низ каме мушкил эҷод мекунад. Андозҳо хеле печидаанду номафҳум. Масалан аз мо талаб мекунанд, ки сарчашмаи харидорӣ кардани маҳсулотро нишон диҳем, ки ин имкон надорад. Масалан соҳибкори инфиродие аз ҷумлаи ҳазорҳо хоҷагиҳои кишварзӣ ба бозор чанд халта маҳсулоти худро мебарораду на андоз месупорад  на дар қайди кумитаи андоз аст. Мо аз маҳсулоти ӯ харидорӣ мекунем, чӣ гуна мо метавонем ин гуна сарчашмаро ба Кумитаи андоз нишон диҳем.

Далер Каримов, намояндаи ширкати «Амирӣ», ки маводи шириниҳои худро ба маъраз гузошта буд, мегӯяд ширкати мо 50 намуд маҳсулоти қаннодии хушсифат истеҳсол мекунад ва ба фурӯш мегузорад. Маҳсулоти мо бо истифода аз шаҳди меваҳои Тоҷикистон истеҳсол мешавад, ки дар тамоми дунё хушхарид аст.

Ва аммо аз шаҳри Кӯлоб, ки гумон меравад ҳукумати кишвар чанд соли ахир барои ба шаҳри саноатӣ табдил додани он кушиш ба харҷ дода истодааст маҳсулоти назаргиреро ба маъраз гузошта наметавонад. Магар чанд намуд маҳсулоти нонӣ, чанд баста ҳасиб, ки ҳиссаи онҳо дар пур кардани бозори истеъмолии ҳатто шаҳри Кӯлоб хеле ночиз аст. Корхонаи «Шири Кӯлоб» ҳам, ки дар гузашта, замони Шӯравӣ  хело бештар аз 600 коргар дошту ҳазорҳо тонна ширро ба даҳҳо намуд маҳсулот табдил медод ва сарчашмаи рӯзгузаронии камаш 5 000 нафар буд, ин замон чанд қуттӣ ҷурҷот ва қаймоқи пастсифатро ба маъраз гузошта буд. Ба замми ин на ҳамаи ин маҳсулотро дар бозор дучор омадан имкон дорад. Ба саволи мо дар бораи он, ки оё маҳсулоти ба маъраз гузошта барои намоишгоҳ аст ё дар фурӯш ҳам дучор меояд, намояндаи ширкат посух дод, ки бисёре аз инҳо танҳо барои намоишгоҳ аст.

Апаи Гулсунбӣ, ки яке аз муваффақтарин соҳибкорони Кӯлоб маҳсуб мешавад чанд адад либосҳои мактабӣ ва маҳсулоти консервагии дигарро ба маъраз гузошта буд. Дар сӯҳбат бо «Пайк» ҳасрат кард, ки имтиёзе барои соҳибкорон дар минтақа эҳсос намешавад ва касе парвои мо соҳибкорон надорад.

Шариф Бегиев, устоди Донишгоҳи Кӯлоб, ки дар инҷо ба ҳайси тамошобин ҳузур дошт нимшӯхӣ гуфт: «Ҳама маҳсулоти бозор аз они кадом ҳоҷӣ аст: шакар, мева, ҳасиб… Ин маҳсулот қабл аз иду айём гароннарх мешавад. Мепурсӣ мева аз кист, аз ҳоҷӣ, шакар аз кист, аз ҳоҷӣ, ҳатто зан аз кист, аз ҳоҷӣ.» Ҳоҷӣ бошад ягон раҳму шафқат ба мардуми харидор надорад.

Форум дар шаҳри Кӯлоб идома дорад, «Пайк» пайгири он аст. Муфассалтар дар бораи ин чорабинии байналмилалӣ дар шумораҳои ояндаи сомона ва ҳафтавор мутолиа фармоед.

Пайк