- Иҷтимоъ

ДАР ХОВАЛИНГ САЙРХАТҲОИ САЙЁҲӢ МУАЙЯН МЕШАВАНД

  • Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон барои аввалин маротиб хатсайрҳои сайёҳӣ муайян мешаванд. Шурӯъ аз соли 2012, аз замони минтақаи сайёҳӣ эълон шудани навоҳии кӯҳистон то ба ин дам дар ин навоҳӣ ҳатто сайрхатҳои сайёҳӣ муайян набуданд. Сайрхатҳо бошанд, ба андешаи мо гоми аввал маҳсуб мешаванд барои сайёҳӣ шудани манотиқ.

Акрамзода Парвиз: 7 хатсайр аллакай омода аст

 Акрамзода Парвиз, раиси Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар сӯҳбат бо «Пайк» иброз дошт, ки љиҳати пиёда сохтани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати кишвар- Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба минтақаи сайёҳӣ табдил додани ноҳияи Ховалинг аз рӯзи ба кор омадан чораҳои мушаххас андешида истодаем. То ҳол 7 сайрхати сайёҳӣ омода шудааст, ки рӯзҳои наздик дар шакли харита рӯйи коғаз оварда мешаванд, то ҳар сайёҳ имкон дошта бошад бемалол ва мушкилот онро дар даст гирифта ба саёҳат барояд. Сайрхатҳо дар мавзеъҳои хушбоду ҳаво, сергулу гиёҳ ва чашмасор интихоб шудаанд, то ба сайёҳони дохилу хориљ ҳаловати фаромушнашаванда бахшанд. Барои қабул ва раҳнамоии меҳмонон як воҳиди корӣ, бо утоқи корӣ дар даромадгоҳи ноҳия- деҳаи Таги Љар таъсис додаем, ки бевосита ба ин кор машғул хоҳад шуд. Ҳадафаш қабули бомаданияти меҳмонон, таъмини онҳо бо маводи зарурии сафар ба табиат ва сайрхатҳои сафар дар шакли нақшаи фаҳмо мебошад.»

Раиси ноҳия инчунин аз шароити будубош ва маишати сайёҳони ба ноҳия ташриф меоварда сӯҳбат кард, гуфт: «Барои қабули меҳмонон дар ноҳия ду меҳмонхонаи замонавӣ яке дар маркази ноҳия, дигар дар мавзеи хеле хушманзар ва мақбули сайёҳон Мазори Ҳазрати Султон сохта истодаем. Меҳмонхонаҳо 4 ситорадоранд.»

    Барои сайёҳон бозорҳои сарироҳӣ лозим

 Инчунин дар ин сӯҳбат маълум шуд, ки дар канори роҳҳои ноҳия бозорҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳия сохта ба истифода дода шудааст. Теъдоди ин гуна бозорчаҳоро вобаста ба релефи макон бештар кардан лозим. Дар инљо мардум метавонанд маҳсули меҳнати худро аз маҳсулоти кишоварзӣ сар карда то маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар шакли армуғон ба савдо гузоранд.

Акрамзода Парвиз қайд кард, ки дар худи мавзеи Мазори Ҳазрати Султон сокинони таҳљоӣ бо роҳнамоии мутахассисони сохтмони ҳукумати ноҳия дар ҳудуди ҳавлиҳои худ машғули сохтмони меҳмонҳонаҳои хурду замонавӣ барои сайёҳон мебошанд. Ин меҳмонхонаҳо барои 2 то 8 сайёҳ нигаронида шудаанд. Аҳли оилаи соҳибони ин меҳмонхонаҳо метавонанд вазифаи воҳидҳои хизматрасонро иљро намоянд, ҳам шароит мешаваду ҳам љои корӣ. Раиси ноҳия мегӯяд ин иқдом барои пиёда сохтани ҳадафи дигари Президенти кишвар дар самти рушди деҳот мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ноҳияи Ховалинг дар 70 километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ буда бо табиати нотакрор, боду ҳавои мусаффо дар 4 фасли сол, гулу гиёҳҳо, ҳайвоноти нодир ва љангалзорҳои ҳамешасабзаш шӯҳраи диёр гаштааст. Дар тобистони гарме, ки ҳарорат дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии ғайрикуҳистони минтақа то ба 40 дараља болои сифр аст, дар мавзеи Ховалинг на зиёда аз 25 дараљаро ташкил медиҳад. Тули солҳои пеш то ба имрӯз сайёҳони дохил ва хориљи мамлакат ба ин ноҳия сафар карда аз боду ҳавои покизаи ин мавзеъи биҳиштосо баҳра мебурданд, аммо бидуни шароитҳои арзанда. Бо раҳандозӣ шудани иқдомоти раиси ноҳия дар самти ташкили шароитҳои муосири сайёҳӣ дар ин ноҳия, интизор меравад теъдоди сайёҳон бамаротиб афзояд.

Вазирон, ба саёҳат бароед!

 Ва аммо, ба андешаи мо, ҳукумати љумҳуриро мебояд стратегияи омузонидани маданияти истироҳат ва сайёҳиро ба мардум ба роҳ монад. Ин корро хуб мешуд аз вазоратхонаҳо оғоз мекарданд. Ба унвони мисол, як корманди баландпояи вазорот дар як сол камаш як бор ба хориљи мамлакат барои саёҳат мебарояд. Магар ин вазир ё муовини вазир ё ҳатто раисони навоҳӣ ва соҳибкорони муваффақ наметавонанд ба саёҳати ду серӯзаи дохили љумҳурӣ бароянд? Чаро не!? Охир мо ҳатто тую маъракаҳоямонро тариқи қонун ба танзим даровардем, ин чӣ мушкилӣ дорад? Бигзор ашхоси баландпоя бо фаолияти худ исбот созанд, ки дар амал љонибдори сиёсати Пешвои миллатанд. Мутмаинам, ин гуна саёҳат ҳам ба вазъи саломатии худи онҳо таъсири мусбат мерасонад, ҳам ба самти сайёҳикунонии мамлакат пайроҳае мекушояд. Ҳафтавори љамъиятию сиёсии «Пайк» чунин иқдомотро пешниҳод ва дастгирӣ карда дар саҳафоти худ инъикос хоҳад кард. ку бубинем, кадом шахси баруманди диёр пеш аз дигарон сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ мекунад. Вазирон ва раисони љавонтар метавонанд дар муддати рухсатии меҳнатии худ ба сайрхатҳои мушкилтар бароянду солхурдатаринҳо ба сайрхатҳои осонтар ё ҳатто бо дучарха ва ё маркабҳо. Муҳим аз рӯйи қоида амал кардан аст, яъне ба нуқтаи қабули сайёҳон ҳозир шуда худро номнавис кунанд, сипас хару аспу дучархаро киро карда маблағашро ба бонк супорида истифода баранд. Ҳатман як шаб дар хоначаи шикорчӣ ё сайёҳ шабро рӯз кунанд.

Пайк

Dann finden sie angebote im facharbeit schreiben lassen sprachenzentrum oder bei den asta-sprachkursen.