- Иҷтимоъ

САДУ ЯК ДАРДИ МУҲОҶИРОНИ ШАҲРИТУС

Даҳҳо муҳоҷири ихтиёрие, ки дар солҳои ахир аз минтақаҳои дигари кишвар барои зиндагонӣ ва обод кардани ноҳияҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ ҷалб шудаанд, ҳоло аз мушкили сангин дар маҳалли зисти нави худ шикоят мекунанд. Ин муҳоҷирон дар ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон чанд соли пеш кӯчонда шудаанд. Ба гуфти онҳо мақомот пеш аз сафар ваъдаи зиндагии хуберо додааст, вале баъди расидан ба ин ноҳияҳо зиндагии пайдо накарданд ва бархе аз онҳо дубора ба зодгоҳи собиқашон баргаштанд.

Зулфинисо Мирзоеваи 35- сола аз муҳоҷироне мебошад, ки соли 2010 аз ноҳияи Ҷиргатол бо далели онки замин барои сохтани хонаро надошт ба деҳаи Ватани ҷамоати Обшорони Ноҳияи Шаҳритус омад. Ӯ аз мақомоти ниҳия хурсанд аст, ки ба ӯ беш аз 10 сотих замин ва якуним ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ барои сохтани хона додаанд, вале 8 соли зиндагӣ бидуни қувваи барқ дар ин деҳаро таҳаммул мекунад. Ба андешаи ӯ қабл аз омадан мақомот ба онҳо ваъда додаанд, ки деҳҳа обёрӣ мешаваду барқашон мушкил нахоҳад шуд, вале солҳои зиёд бо мушкили сангин, мисли бебарқӣ зиндагӣ мекунанд.

Сиёсати Пешвои миллат бошад тақозо мекард, ки барои ин муҳоҷирон шароити муносиб фароҳам оваранд, то ин манотиқро обод кунанд.  

Зулфинисо Мирзоева мегӯяд надоштани қуваи барқ  чандин муҳоҷиронро маҷбур кард, ки хонаҳои нотамоми хешро партофта ба маҳалли зисти қаблиашон баргарданд: “Зиндагӣ бидуни қуваи барқ ниҳоят мушкил аст, як солу ду сол не, балки 8 сол мешавад, ки дар хонаҳои торик зиндагӣ мекунем. Чандин маротиба барои ҳалли мушкилиамон ба масъулин арз кардем, вале соҳиби барқ нашудем. Муҳоҷирон омада хонаҳои худро хабар мегиранду мераванд, мегӯянд ҳаминки барқ шуд меоянд.

 Марҷона Исоева, муҳоҷири дигаре аст, ки ҳоло дар деҳаи бе барқ бо се фарзанди хурдсолаш зиндагӣ дорад. Шабҳои торикро бо шамъу дастгоҳи сохти Чин рӯз карда, дар як моҳ ҳудуди 30 сомонӣ шамъ харидорӣ мекунад. Дар дегдончаҳои худсохт барои худ ва фарзандонашон хурок мепазанд.

Ҳоло дар ин деҳаи навбунёд ҳамагӣ се оила зиндагӣ мекунад. Кӯдакони мо орзу доранд, ки соҳиби барқ шаванду телевизор тамошо кунанд. Дар ин дашти бе одам зиқ мешаванд. Ҳаво дар тобистон хеле гарм аст, ақалан барқ дошта бошем, ки аз кондисионерҳо истифода кунем.”

Ба иддаои ин сокинон дар деҳаи навбунёд барои 80 оила қитъаи замин ҷудо карда шудааст, ки бештари онҳо сангу шағалҳо барои сохтани хонаҳояшон овардаанд. Ҳоло 15 хонавода то ҷое хонаҳои худро сохтаанд ва бо сабаби гармии ҳаво, мушкили оби ошомиданӣ, набуди барқ инҷоро тарк карданд ва ҳоло ҳамагӣ се оила зиндагӣ мекунаду халос. Онҳо мегӯянд, баъди дасрас шудани хати барқ муҳоҷирон бар мегарданд. Вале кай соҳиби барқ мешаванд намедонанд.

Амирбек Ҷумаев, сардори Кӯмитаи замини ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт, ки дар деҳаи Ватан ҳудуди 100  оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ ҳастанд, ки 53 адади онро муҳоҷирони дохилӣ, ки аз минтақаҳои Ҷиргатолу Рашт ва Кӯлоб омадаанд, ташкил медиҳад.

Мушкили дигаре, ки муҳоҷиронро нигарон мекунад, ин набуди муассиса дар деҳа аст, ки наметавонанд фарзандони мактабхонашонро аз ҳавлиҳои собиқашон ба инҷо биёранд. Муассисаи рақами 9 аз деҳаи муҳоҷирон беш аз се километр дур аст, ки имкони рафтани кӯдакон ба онҷо гарон аст, тобистон гармӣ ва зимистон дар ҳавои сард кори осон нест. Саёҳат Муродова, аз муҳоҷироне аст, ки дар муассаи номбурда кор мекунад. Бо онки роҳ хеле дур аст шавҳараш ӯро ҳар рӯз бо дучарха ва гоҳо бо хар ба ҷои кораш мерасонад. Онҳо шукр мекунанд, ки ҳамин харро доранд, ки корашонро осон мекунад. Онҳо аз мақомоти ноҳияи Шаҳритус хурсанд ҳастанд, ки ба ӯ замини бе пул додааст, албатта ин замин тибқи қонун ба онҳо дода шудааст, касе аз пораи замини худаш надодааст, аммо корафтодаҳо мегӯянд бо замин додан кор ҳал намешавад, бояд барои зиндагӣ кардан шароити асосӣ мисли обу мактаб, роҳу бунгоҳи тиббӣ фароҳам карда шавад. Дар гармтарин гӯшаи кишвар бидуни қуваи барқ ва оби тозаи нушокӣ зиндагӣ кардан қаҳрамонист, аммо ин мушкилиҳоро масъулини дахлдор кай бартараф мекунанд, маълум нест.

Хуш ба ҳоли сабру тоқати онҳое, ки дар ин деҳа мондаанд, чун ба наздашон рафтем шукр мекунанд, ки ба онҳо замин додаанд, маълум мешавад, ки маҷбур ҳастанд, ки онҷо зиндагӣ кунанд, дар сурати ҷойи рафтан медоштанд шояд онҳо низ мисли дагар муҳоҷирон онҷоро тарк мекарданд.

”Дар шаҳри Кӯлоб дар хонаи амаки шавҳарам зиндагӣ мекардем. Онҳо оилаи калон ҳастанд. Ман замин барои хона надоштам, маҷбур шудам, ки ба ин навоҳӣ омадам. Худ муаллима ҳастам. Мактаб се километр дур аст, шавҳарам бо хару ароба маро ба мактаб мебарад. Мушкили бебарқиамон хеле вазнин аст, аз сабаби набуди барқ дар дегдончаҳо хурок мепазем. Мушкили асосиамон набуди қуваи барқ аст.” Гуфт Саёҳат Муродова

Муҳоҷирон мегӯянд моҳи Ноябри соли 2018 аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ як қисми деҳаро бо симчубҳо таъмин карданд, бознишастаҳо бо дидани ин ба худ гуфтанд орзуи чандинсолаи бебарқиашон бартараф хоҳад шуд, аммо моҳҳо сипарӣ мешавад, касе ба додашон намерасад.

Абдусамад Қурбонов, Сардори Идораи барқи ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт , ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 барои таъмин кардани муҳоҷирон бо барқ имзо шудааст. Бо ташаббуси ҳукумати Ноҳия ҳоло 27 адад симчубҳоро гузоштаанд: “Барои идомаи симчубҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ба Ширкати Барқи Тоҷик ва шабакаҳои барқи ҷануб муроҷиат кардем. Дар сурати дасрас кардани таҷҳизоти зарурӣ мо муҳоҷиронро бо барқ таъмин мекунем.”

Ба гуфти муҳоҷирони ихтиёрӣ, тасмими мақомоти маҳаллӣ ҳамин буд, ки барои сохтани хона кӯмакпулӣ медиҳанд ва баъди панҷ соли зиндагӣ 50 фисадӣ маблағро бояд бар гардонанд. Ҳоло аксари муҳоҷирон 50 фоизи кӯмакпулие, ки гирифта буданд, баргардонданд.

Саймуддин Лоиқов, як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки ҳоло муҳоҷирони ихтиёрӣ дар як ҷамоати ин ноҳия ҷой шудаанд. Аксари онҳо баъди расидан ва гирифтани замину кӯмакпулӣ ба зодгоҳи қаблиашон баргашта буданд, вале ҳоло аксари баргаштаҳо дубора омада истодаанд. Ба гуфти ӯ барои таъмин кардани шароити беобию бебарқӣ ба мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурӣ муроҷиат карданд, ки бояд шароити зиндагиашонро беҳ созанд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав низ мисли ноҳияи Шаҳритус муҳоҷирони ихтиёрӣ ҳастанд. Дар ҷараёни омода кардани ин матлаб бо Бозоргул Саидова, ки ҳамонвақт дар вазифаи бахши идеалогии ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав фаъолият мекард гуфт, ки моҳоҷирони ихтиёрие, ки ба ин ноҳия омадаанд аз минтақаи Рашт, Кӯлоб, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхию Қубодиён ҳастанд, ки барои ҳар яки онҳо 15 сотих замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Аксари онҳо баъди дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва ба даст овардани замину маблағ дигар бар нагаштанд. Ба ҳар яки онҳо дар ду марҳила кӯмакпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ дода шудааст. Ба гуфти ӯ муҳоҷиронро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карданд, вале далели баргаштанашонро намедонанд.

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯяд муҳоҷиронро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карданд, вале як муҳоҷири бознишастаи Носири Хусрав, ки аз зикри номаш худдори кард, дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт, ки ҳоло ягона мушкиле, ки доранд набуди оби тозаи нӯшокӣ аст, ки аз он ранҷ мекашанд. “Аз водопироводҳои худсохт истифода мекунем, он ҳам бошад обаш бӯи ғализ мекунад. Зиндагӣ дар инҷо каме мушкил аст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз давлату ҳукумати Тоҷикистон хурсанд ҳастем, ки моро бо замин таъмин кард.”

Эмомалӣ Самадзода , сардори Кӯмитаи замини ноҳияи Носири Хусрав гуфт, ки интиқоли муҳоҷирони ихтиёрӣ дар асоси нақшаи Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Дар се соли ахир 67 муҳоҷири ихтиёрии дохилӣ ба ноҳия кучонда шудааст.

Маҳмадалӣ Собирзода, як масъули Раёсати хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон мегӯяд, то соли 2015 ба муҳоҷирони дохилӣ аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якуним ҳазор ва солҳои баъдӣ бошад се ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст. Барои интиқол додани муҳоҷирони дохилӣ дар се сол як маротиба Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад. ӯ мегӯяд тибқи қарори навӣ 501, ки солҳои 2019- 2021 ро дар бар мегирад, барои онҳое, ки дар ин солҳо муҳоҷир мешаванд ба ҳар яки онҳо аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад, ки баъди 5 соли зиндагӣ 50 фоизи маблағро бар мегардонанд.

ӯ гуфт тибқи маълумотҳои омориашон дар 6 соли ахир 112 оилаи ниёзманд ба ҷои зист аз минтақаҳои гуногун ба ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав кучонда шудаанд. Омори дақиқи муҳоҷирони дохилиро барои мо дасрас карда натавонистанд, зеро то соли 2016 нақшаи интиқоли муҳоҷирони дохилӣ дар салоҳияти онҳо набуд. Он муҳоҷироне, ки аз соли 2016 куч бастанд касе аз онҳо дубора ба маҳали зисти қаблиашон бар нагаштаанд. Ба ҳар шароите, ки доранд зиндагии хешро идома дода истодаанд. Маҳмадалӣ Собирзода ироа кард, ки оид ба шароити сангини муҳоҷирони дохилӣ мисли бебарқию оби ошомиданӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунад, зеро дар қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бояд сохтани мактабу бунгоҳи тиббӣ, кашидани хати барқу таъминоти оби нушокӣ ва полезӣ ба муҳоҷирон дасрас бошад . 

                                                                 Амонҷон Муҳиддинов “Пайк”

Diese curricula beinhalten den organisatorischen ablauf, veranstaltungsinhalte ghostwriter jura by schriftle.com und voraussetzungen fГјr den erhalt des teilnahme- bzw.