- Фарҳанг

НА АБУ КАМОЛ КУМАК МЕКУНАД, НА КОНКРЕТНИЙ БИЗНЕС

Барои миллат боз чанд шоир намерасад?

Дар як соли ахир дар ҷумҳурӣ шоҳиди ташкили камаш 20 озмуне шудам, ки ҳама иборат аз шеърхонӣ асту рақсу бозӣ ва хӯрокпазию гулшинонӣ. Ту гуфтӣ, ки барои миллати тоҷик дигар на фанҳои дақиқ лозиманду на истеҳсолот ва на ихтироот. Ҳама шеър менависад, ҳама шеър мешунавад, ҳама шеъру шоирӣ таблиғ мекунад. Кас намедонад, баъди Рӯдакию Фирдавсию Саъдию, Ҳофизу…. Турсунзодаю Лоиқ барои ин миллат боз чанд шоир ва чанд шеъри дигар лозим аст-100, 200-ё 1000 –то!?

Нест бод артиш, зинда бод шеър!?

Ҳоло тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон озмунеро таблиғ карда истодаанд, ки барои баргузории ин озмуни шеъру шоирӣ 630 000 сомонӣ масраф хоҳад шуд. Ҳадафи ин озмун дарёфти шоирони нав асту ҳофизон ва раққосони нав. Бо ин маблағ имкон дошт як корхонаи истеҳсоли шиша сохт, ки худи ҳамин корхона метавонист аз ҳисоби даромад ҳар моҳ озмун гузаронад.  Ҳар куҷо фавҷ-фавҷ ҷавонон аз «облаваҳо»-и аладдавом пинҳон шуда барои иштирок дар ин озмун омодагӣ мебинанд. Хуб аст, ки ин озмун ҳам дар рӯзҳои даъват ба сафи артиш нагузарад, набошад дар он касе иштирок намекунад. Тариқи шабакаҳои ТВТ, Баҳористон, Тоҷикистон, Сафина бошад ҳамарӯза намоишҳои нав ба нав баҳри дарёфти шоирони нав идома дорад. Моҳрухсор Сафиева бо як устоди ҳунари дигар, ҳамин шабу рӯз озмун дар мавриди дарёфти ҳофизони нав гузаронида истодааст.

  Озмун-дрессировка дар ТВ

Як барандаи дигари кадом шабакаи телевизионӣ дар соати 3-и субҳи шаби 8-ӯми Рамазон байни 6 бонӯйи дигар озмуни шеърхонию шеърдонӣ ва маҳорати истифодаи «караоке» гузаронид, ки ба гумонам баъди он миллат шарманда шуд, чунки ин бонувони донишҷӯ ҳатто аз ӯҳдаи ҷобаҷогузории калимаҳои байтҳое набаромаданд, ки ин байтҳо ҳамарӯза тавассути расонаҳо ҳазор бор шунавонида мешаванд. Масалан яке аз ин мисраъҳо  «Заҳр бодо шири модар бар касе…» буд. Баъди тамошои ин барнома аввалин бор банда ҳам ба хулосае омадам, ки дар ҳақиқат гузаронидани чунин озмун-дрессировкаҳо лозим будаанд. Аз ҷониби дигар ҳунар аст дарёфти чунин иштирокчиёни озмун, ки аз ӯҳдаи ҷобаҷогузории чунин абёти оддӣ намебароянд.

 Ҳамакнун дар саросари ҷумҳурӣ озмуни фурӯш ва хониши китобҳо гузаронида истодаанд, ки ин ҳам як навъ таблиғи ҳамон шеъргӯиву шеърхонӣ аст. Дурусттар назар афканӣ нисф зиёди адабиёти пешкашшуда ҳам иборат аз шеър аст. Мутмаинам, дар ҷамъбасти озмун хоҳед дид, ки аксарияти ғолибон аз риштаи шеъру шоирӣ мебароянд. Тариқи кадом шабакаи телевизиони ҷумҳурӣ ҳам намоише таҳти унвони «Шоирона» ҳамарӯза соатҳо намоиш дода мешавад, ки он ҳам иборат аз шеърхонии кӯдакон аст. Яъне миллат шоириро аз кӯдакӣ таблиғ карда истодааст. Ба андешаи ин ҷониб ин ҳама шеърпарастӣ оқибат ба рӯҳияи заиф доштани миллат оварда мерасонад. Артишгурезии ҷавонон ва ҷудошавии оилаҳо шояд оқибати чунин шоирӣ, шеърпарастӣ ва аз ҳад зиёд ҳалимии кор бошад. Агар кор ба ин ҳол идома ёбад, барои миллати мо артиши ҷанговар лозим намешавад, чунки ҷавонони ҳимоятгари ватан дарёфт кардан мушкил мешавад. Наворҳои таҳқир ва боздошти сарҳадбонони тоҷик тавассути сарбозони ҳамсоякишвар назири ҳамин аст. Дар рӯҳияи шеъру шоирӣ тарбия ёфтагон ҳеҷ гоҳ қодир ба куштан намешаванд, маънии артиш бошад машқи куштор аст.

          Шерони бе шеър

  Чун нек нигарӣ давраи тиллоии миллати тоҷик ва гул гулшукуфии он то давраи зуҳури устодони шеър будааст. Қавитарин артиши дунё-урдуи юнонӣ таҳти фармони Александри Македонӣ буд, ки қариб тамоми дунёро бе мушкилӣ ғасб кард, ба ҷуз Суғдиён-мақарри асосии аждодони миллати тоҷик. Нуфуси артиши суғдҳо даҳҳо баробар камтар бошад ҳам, дар майдони ҷанг таҳти фармондеҳии Спитаман доди мардиро доданд. Баҳри ба даст овардани музаффариятҳо барои ин миллат дар он замон шеър лозим нашуд. Кишвар ҳам аз лиҳози саноат, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва илму маърифат то омадани юнониҳо гул гул мешукуфт.

Баъди ин, шеъру шоирӣ миллатро то андозае заиф кард, ки ҳангоми истилои араб ва муғул тақрибан муҳофизи дурусте дар ин сарзамин пайдо нашуд. Магар Муқаннаъ, ки он ҳам номи арабӣ буду Темур-Малик, ки номи қабоили туркнажод. Бо ин ду қаҳрамон дар ҳузури миллати кучманчӣ ва араб, тоҷик чӣ гуна бинозад!?

  Спитаманҳо шер буданду Абуҳурайраҳо шоир

    Баъди асри 7 мелодӣ ҳама номи миллат арабӣ шуду ҳама шуғли миллат шеъргӯӣ. Ҳатто шоирони пешвои миллат ҳама бо забони арабӣ китоб менавиштанд. Олимони тоҷикро дар риштаи илмҳои дақиқ рузи хуш намедоданд, балки баъзеашонро зинда ба зинда пуст меканданд. Хайёму Сино ва Ал Форобию Закариёи Розӣ барин олимони фанҳои дақиқ ҳатто физикаю кимиё ва тиббу ҳандасаашонро аз тарси таблиғгарони шеъру шоирӣ бо шеър менавиштанд. Агар ақида доред, ки чунин нест, пас ба ҷуз Абулқосим Фирдавсӣ биёред як мисол, ки касе олӯда ба шеъру ба ному насаби араб набуд ва касе аз олимони ғайришоир ба балоҳо мубтало нашуда буд. Балки то замони мо ба кудак номи тоҷикӣ ниҳоданро куфр унвон мекунанд. Ҳатман бояд ном Абубакр (тарҷумааш шутури ҷавон)  бошаду Хадича (курраи партофташудаи шутур) бошаду Абуҳурайра (падари гурба), Ҳошим (бардору бизан) бошад. Шеъру шоирӣ дар замони  истилои араб миллатро то андозае заиф кард, ки дар замини худ тоҷик чокар шуду араб хуҷаин.

              Қаҳрамони халқи тоҷик Қурбон-қизиқ

 Баъди истилои араб давраи дигаре фаро расид, ки миллати мо дар аҳди он қариб ҷойи нозидан надорад-давраи истилои муғул. Дар атрофи шоҳони замон фақат шоирон гирд оварда мешуданд. Шоҳ масти ашъори баргузидаи шоирони давр, ки пешгоми ҷомеа буданд, ҳамвора дар умури давлатдорӣ ба хато роҳ медоданд ва бадбахтӣ ба сари миллат меоварданд. Нахуст шоҳи тоҷикон Хоразмшоҳ аҳдшиканона ва номардона қосиди муғулро бе ягон зарурати хоса, масти шеъру шоирӣ сар бурид. Баъди ҳуҷуми Чингиз пойтахтро партофта бе ягон муқовимат фирор кард. Бино бар иттилои Садриддин Айнӣ дар повести «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» писари Хоразмшоҳ бо номи Ҷалолиддинхон (он ҳам бо тахаллуси «хон» рукни муғулӣ) баҳри номуси миллат шармшикан каме муқовимат карду малики Хуҷанд Темурмалик (он ҳам номи  туркӣ). Дигар ҳама буздил буданду тарсу. Нигаред ба китоби безаволи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров. Дар ҷузъи Қурбон-қизиқ академик қисса мекунад, ки ҷавонони тануманди тоҷик баъди омадани муғулҳо тарки хонумон ва зану фарзанд гуфта фирор карда ба кӯҳистон мераванд. Қурбон-қизиқ, ки ҳадафаш муҳофизати ватан буд тасмим дошт бо ҷавонони дигари тоҷик пайваста баҳри дифои ватан бо истилогарони муғул мубориза барад. Чун ба ҳалқаи як идда ҷавонон мерасад мебинад, ки худашон дар бораи шикастнопазир будани муғулҳо қиссаҳо бофта ҳама ноумед шудаанд.Ҳамин дам як савораи муғул пайдо мешаваду фармон медиҳад ҷавонон дасти ҳамдигарро банданд. Шигифто!!! Ҳама ба бастани дасти якдигар шурӯъ мекунанд, магар Қурбон-қизиқ, ки ба гардани муғул муште зада ӯро аз асп ба зер меафканад. Боз ҳамин ҷавонони буздил дар тақсимоти моли муғули мурда қариб Қурбонро зада мекушанд. Фаромӯш набояд кард, ки то ин давра тоҷикон навакак давраи «тиллоӣ»-и шеъру шоирии худро паси сар карда буданд. Агар давраи тиллоии Испаниё дар асри 14-16 иборат аз ғасб ва кашфи заминҳои нав ба нав бошаду давраи тиллоии Бритониё ихтироооти нав ба нави микроскопу фулузоту мошин, давраи тиллоии тоҷикон дар асри 10 иборат аз эҷоди шеър буд, ки миллатро на пушониду на хуронид, балки заиф карду тарсу. Агар шеъри русҳо ба монанди «Вставай страна огоромная» миллати русро ба мубориза бар зидди истилогарони олмонӣ бархезонда бошад, шеъри тоҷикии «Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ» нафрати миллати тоҷикро нисбат ба саноату истеҳсолот бедор сохт.

  Бас будагист ин ҳама шеърпарастӣ. Дар ҳамин ҳафтавор дар мавзуи мазаррати шеър боре Додарбек Сайдалиев мақолаи ҷолибе навишта буд, аммо мутаассифона шеъру шоирӣ дар мағз мағзи ҷони миллат онқадар ҷо гирифтаасту диктотураи шоирон ончунон бар миллат мусаллат шуда, ки бо як ду мақола онро ба ибро даровардан мушкил аст.

       Тоҷик пеш аз хоб ва баъди он шеър менависад

  Ба андешаи мо шеър навиштан кори бад нест. Нависед то бихонему аз сухани зебо ҳаловат барем, аммо онро ба муҳтавои зиндагӣ табдил додан зарурат ва фоида надорад. Русҳо шеър менависанд, баъди истеҳсоли нафту коркарди он, сохтмони мошину киштиҳои кайҳонию обӣ, тараққиёти илму техникаашон, Ҷопониҳо шеър менависанд, баъди истеҳсоли техникаи олитарини электронӣ ва аз фурӯши он бою бодавлат шудан, Амрикоиҳо шеър менависанд, баъди истеҳсоли техникаи корӣ, яроқҳои замонавӣ ва тарсонидани миллатҳою бо ҳамин роҳ таъмини зиндагии муносиб барои мардумаш, Хитоиҳо шеър менависанд, баъди истеҳсоли ҳама гуна ашёи рӯзгор ва таъмини зиндагии муносиб барои якуним миллиард аҳолии худ.

Тоҷик шеър менависад…  пеш аз хоб ва баъди он.

Ба андешаи мо, агар миллат аз хоби ғафлат бедор нашаваду ҳама рӯзгори худро аз олудагӣ бо шеър покиза насозаду озмунҳо дар мавриди ихтирооти мошин ва мошинолоти саноатию кишоварзӣ ва коркарди пашму пуст ва пиллаю пахта ихтисос надиҳад дар наздиктарин муддат ҳолаш табоҳ мешавад. Шеърнависиро ба касбу кор мубаддал нагардонед. Ҳатто як вазири тоҷик, ки дар умраш китоби бадеӣ нахондааст, аз тарси таънаи шоирон чанд мисра шеър азёд мекунад, то каффораи бесаводиаш шавад. Агар ҳол чунин давом кардан гирад, ба миллат дигар на «Абу Камол» кумак карда метавонаду на «Одина»-ю «Нисо» ва на «конкретний бизнес» дар ин асарҳои оламшумул. Хуб аст, ки вазири Алоқаи ҷумҳурӣ китобҳои наср хондааст, агар шеър мехонд шояд коре аз дасташ бар намеомад. Бинед, ки бо хондани асарҳо дар мавриди «конкретний бизнес» фаолияти бомуваффақонаи соҳибкорӣ мебарад, даҳҳо иншооти баландошёна месозад, садҳо иншоот мехарад. Миллат ҳам мисли акои Бег бояд аз шеъру ширӣ даст кашад ва рӯ биёрад ба ихтирооту истеҳсолот ва билохира «конкретний бизнес», то рушд ёбаду сулҳу салоҳаш пойдор бимонад.

Аҳмад Иброҳим

Instead, the majority of students do their work professional proofreading https://proeditingproofreading.com/ no more than three days before the assignment is due.