- Маориф

МАКТАБИ БЕСОҲИБ ДАР МУЪМИНОБОД

 Ин тарзи сарлавҳагузорӣ аҷиб ҳам менамояд. Наход як шуъбаи маорифи калон бо гуруҳи нафақахурони собиқадору аз таълимгоҳҳо рондашудаю ба ин ҷо паноҳ бурда шабу рӯз ҷон коҳонда санҷиш, шуроҳо, конференсияҳо гузарониданду боз таълимгоҳҳо бесоҳиб монанд?

Дар даҳкилометрии ноҳияи Муъминобод деҳаи зебоманзари Лиҷаки Поён воқеъ аст. Он мактабу бунгоҳи тиббию китобхона дорад. Аммо ана, ҳамин мактаб солҳои охир бесоҳиб мондааст. Дурусттараш дар ин солҳо таълимгоҳи №45 роҳбари кордон, ташкилотчии дилсузу ғамхоре наёфт. Дар 4 соли охир онро Назришо Неъматуллоев сарварӣ карда меояд. Вале кори таълиму тарбия ҳамоно ҷавобгуи талабот нест. Директор дар деҳаи наздики Момандиён зиндагӣ дораду кае дилакаш хоҳад таг-таги дулонаҳо ба кор меояд, нахоҳад “дар раёнам, ҷамоатам, ҳукуматам ” гуфта гап дода мегардад. Чи хеле, ки яке аз омӯзгорони фанни математикааш Эмомалӣ Шоев “хайр як руз- ду руз ба дарс  наомадем дунё чаппа мешавад?”мегуяд. Номбурда ташкилотҳои хориҷии семинаргузаронро бисёр дуст медорад. Агар раваду ҳафт рузи ҳафта семинар  ҳам шавад парвои онро надорад, ки ҳоли 114 нафар шогирдонаш чӣ мешавад. Директор Назришо Неъматуллоев ҳам кори роҳбарии таълимгоҳро ба ҳоли худ гузоштаасту ҳам фанни худ дарс медодагиашро. Аз фанни забони русӣ чӣ ки аз дигар фанҳо низ 160 нафар хонандагон дониши сатҳи паст доранд. Дар синфи 11 шонздаҳ нафар шогирдон сабақ меомӯзанд.Онҳо дар давоми се чоряки соли хониши 2018-2019 беш аз 2 ҳазор баҳои “3” гирифтаанд. Яъне дар 7 моҳи хонданашон ҳар як хонанда соҳиби 123 баҳои “3” гардидааст.

Раиси кумитаи падару модарони мактаб Ғоиб Одинаев пайваста аз ҳолу аҳволи мактаб хабар мегирад. Ба дарсҳо медарояд, камбудиҳои кори таълиму тарбияро, ки нигаронкунанда аст ба директору мудири шуъбаи маориф мегуяд, вале бенатиҷа. Дар дафтаре омӯзгорони прогулчиро низ аз соли 2015 инҷониб сабт карда меояд. Дар ин руйхат аз директор сар карда то Э. Шоев, Мошарифи Туйчӣ, Раҷабалӣ Зарифов ва дигарон ҳастанд.

Нобахшиданист, ки давомоти шогирдон дар моҳҳои апрел- май санҷида нашудааст. Синфҳои 3, 4, 8 бошанд аз моҳҳои январ ин тараф давомоташон дидаю санҷида нашудааст. Ҳатто рузи ба ин таълимгоҳ рафтанамон 2 май низ навбатдории омӯзгорону санҷиши давомотро мушоҳида накардем. Вақте аз директор Н. Неъматуллоев дафтари ба дарсдароиашро пурсон шудем медонед чи гуфт: “дар хона аст”. Муовинонаш бошанд гуфтанд, ки ин гуна дафтарҳояшон дар мактаби деҳаи Чаргиянд. Ҳамин рӯз ё пагоҳ оварда нишон медиҳанд. Аз байн 10 руз гузашту ҳоло ҳам аз онҳо дарак нест.

Соли чорум боз баҳси директор оиди ба тариқи ҳашар сохтани 2 синфхона  поён наёфтааст. Маблағи зиёдеро хароҷот карда дар ду ҷой пойдевори бетонӣ рехтаанду ҳоло 1,1 тонна сементи гумшударо кофта истодаанд.

Шогирдони мактаб на танҳо аз фанҳои мехондагиашон дониши кофӣ надоранд, ҳатто намедонанд, ки мудири шуъбаи маориф, раиси ҷамоат, вилоят, вазири маориф кист. Таърихи мактабу деҳа, ноҳия он тараф истад. Аз соли хониш беш аз 7 моҳ сипарӣ шудааст, вале на директор, на муовинонаш вақт наёфтаанд, ки журналҳои 4 синфро санҷида бароянд. Вақте наёфтанд, ки ҷувздонҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷумҳурии Тоҷикистон, “Пайёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳияву омода созанд. Калонҳои мактаб медонед оиди ин масъала чи посухе доданд: “Ҳамаи ин  ҳуҷҷатҳо ҳастанду лекин онҳо дар мактаби № 23 –и  деҳаи Чаргианд”. Во аҷабо! Нафаҳмидем, ки мактаби №45 филиали мактаби №23 ҳаст ё баръакс?

Мисли дигар таълимгоҳҳо ба муассисаи таълимии №45 аз ноҳияву вилоят, ҷумҳурӣ санҷишгарони зиеде меоянд. Ин ҷо низ дар аҷабу ҳайрат мондем, ки ин қадар оянду бинанду санҷанду раванд ин ҳама бесарусомониҳо аз куҷо сар мезананд?

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Муъминобод хабарнигоре ба мудмри шуъбаи маорифи ноҳия  савол додааст, ки омӯзгори мактаби №7, деҳаи Кулдамон Худойбахшов Муртазо ба се ҳодисаи дуздӣ мутаҳам дониста шуда, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо қонуни авф ӯро аз ҷавобгарӣ раҳониданд. Лекин ин гуна омӯзгори дузд оё ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки боз ба шогирдон дарс гуяд? Савол беҷавоб монд.

Акнун мо аз вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиданием, ки оё шахсе, ки қариб 18 сол дар ташкилотҳои хориҷӣ, ҷамъиятӣ кор кардаасту рузаш ба семинаргузаронӣ гузаштааст, оё ҳуқуқ дорад, ки яку якбора ба курсии мудири шуъбаи маъорифи ноҳияи Муъминобод нишинад? Барои ин ақалан пас аз 18 соли фаъолияти ғайриомӯзгорӣ дар таълимгоҳе дарс медод, директорӣ мекард, курсу омӯзиш мегузашт!

Барои ҳамин он кас доимо амри маъруф карда бо овози баланд мегуяд: “Ҳеҷ кас бе иҷозати ман ҳақ надорад мактабҳои маро санҷад. Фалонӣ худуш кияй, ки мерава мактаби №45-ро месанҷад?” ва амсоли инҳо.

Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор

By extension it can mean any long poem that tells traditional stories and describes the way of pay someone to write my paper using https://essaydragon.com/ life peculiar to a nation.