- Маориф

ҲАМАДОНӢ: Ба кӯдакистонҳо таваҷҷуҳ бояд кард

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамагӣ 3 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки 216 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегиранд, ки маҷмуан 6,2% кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ таъмин месозанд. Ҷиҳати бемасъулиятии масъулин шароиту имконоти кӯдакистонҳо ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда, мушкилоти кадрӣ дар миён аст ва дар маҷмуъ ин қисмати мубрами соҳаи маориф дар ноҳия печидаи камбудӣ аст.

          Муассисаи томактабии №1 шармшикан аст

   Намояндаи ВАО-ро гарм қабул кардану муносибати нарму инсононаи мудири боғча гувоҳӣ аз боварӣ ва ба ҳар сурат, то андозае қаноатмандкунанда будани шароитҳо буд. Муасссаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳия ягона кӯдакистонест, ки ба ҳар ҳол шароити хуб дорад. Талабот ба ин кӯдакистон дар ноҳия хеле зиёд аст. Ин муассиса соли 1958 сохта шуда, барои 120 кӯдак пешбинӣ шудааст.

   Раҷабгул Давлатова, мудири боғча зимни мусоҳиба бо «Пайк» гуфт, ки муассисаи мо аз соли 1958 сохта шуда, то ин ҷониб фаъолият дорад. Дар кӯдакистон 6- гурӯҳ амал мекунад ва 7 мураббия ҳамаашон маълумоти олӣ доранд. Дар кӯдакистон 140 то 145 кӯдак ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд. Ҳамроҳи кӯдакон ҳама гуна машғулиятҳое, ки вобаст шудаанд, гузаронида мешаванд. Имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ барои истироҳату фароғати кӯдакон як адад воситаи бозӣ (лимпопо) харидорӣ кардем. Гурӯҳҳо бо ҷойхобу курпаҳо таъмин гардидаанд. Кӯшиш дорем, то рӯз аз рӯз шароитҳоро беҳ созем.

   Тағоймуродзода Санифа Тағоймурод, муовини соҳавии раиси ноҳияи Ҳамадонӣ дар мусоҳибаи телефонӣ роҷеъ ба мавзуъ гуфт:

   «Дар ноҳия се муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 216 нафар кӯдак ва 42 маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалбсозии 241 кӯдак амал мекунанд, ки аз рӯи ҳисоб 6,2 фоизро ташкил менамояд, ки ин хеле кам аст. Барои беҳсозии шароитҳо дар доираи буҷет чизе, ки ҳаст маблағҳо ҷудо шудаанд. Муассисаи таҳсилоти томактабии 1 ва 3 шароити хуб доранд. Вобаста ба имкониятҳо дар оянда ният дорем, ки шароитҳоро беҳтар созем.

Дар Муассисаи томактабии №2, дуруғу ваъда авлотар аз масъулият аст

buy research papers online

   Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и ноҳия аз ҷиҳати иқтидор дуввумин кӯдакистонест, ки 50 наврасро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Пештоз бояд гуфт, ки ин муассиса печида ба мушкилот аст ва анқариб ба ду по мелангад. Мо инҷо танҳо аз мушкилоти берунии боғча ёдовар мешавем ва дар зер хоҳем гуфт, ки чаро натавонистем ҳам аз проблемаҳои дохилибиноӣ гузориш диҳем.

   Тибқи қоида ва санадҳои муқарраротӣ оид ба мактабҳои таҳсилоти томактабӣ дар саҳни ҳар як кӯдакистон бояд соябонҳо, арғунчаку атраксионҳои хурдҳаҷм ва майдончаҳои алоҳидаи қум гузошташуда, барои машқҳои ҷисмонӣ ва истироҳату фароғати кӯдакон, махсусан дар фасли гармо ҳавзҳо барои оббозии онҳо муҳайё бошанд. Чӣ расад, ки дар ин муассисаи ба ном «кӯдакистон» оддитарин шароитҳо мавҷуд нест- на бозичаю арғунчак мавҷуд асту на нуқтаҳои вижаи бо қум таъмин шуда. Ҳафтае баъд мавсими оббозии наврасон оғоз мегардаду ҳавзи оббозии кӯдакон дар ҳоли хароб гирифтор аст.    

   Қурбонбӣ Раҳмонова, мудири кӯдакистони №2-и ноҳия дар тамоси телефонӣ зикр дошт, ки дар кӯдакистони зери роҳбарияш қарор дошта се гурӯҳ амал мекунад, ки 50 тан наврасро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Камбуд бозичаҳои кӯдакона аст, ки дар фикраш ҳастем. Бо боварӣ метавонем гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор бозичаҳои кӯдаконаро харидорӣ менамоем. Имсол барои таъмири бинои муассиса маблағ ҷудо нашудааст. Ҳатто, ки бояд дару тирезаҳои нав насб мекарданд. Мо интизор будем, имрӯзу пагоҳ гуфтанд. Сабаби ҷудо нашудани маблағи таъмири боғчаро аз шуъбаи молияи ноҳия ба мо гуфтанд, ки роҳбарияти кӯдакистон сметаи хароҷотии муассисаро пешниҳод накардаанд.  

   Эродҳои дар боло зикрёфта шаммае аз камбудиҳои берунии кӯдакистони №2-и ноҳия аст. Мо хостем то дар шоҳидии мудир аз вазъи дохили муассиса воқиф гардем. Мисли он, ки Раҳмонова аз мо канор ҷустан мехост, ба саволи он ки Шумо дар куҷоед, оё мо метавонем аз наздик ҳамроҳатон сӯҳбат намоем? Аз он тарафи гӯшӣ садо баромад, ки ман дар роҳи дур ҳастам ва наметавонам ба кӯдакистон оям.

   Сарпечии Раҳмонова аз сӯҳбат, ки аниқ ба фоидаи ӯ набуд, ягона роҳи гурез аз журналисти ҳафтавор шуд. Бояд гуфт, ки замоне мавсуф тариқи телефон гуфт, ки дар роҳи дур асту имкони омадан надорад, аммо дар як они воҳид ба гуфти шоҳидон Қурбонбӣ Раҳмонова на дар роҳи дур, балки ба идораи молияи ноҳия ҳамроҳи дигар ҳамтоёнаш барои дархости маводи ғизо рафта буд.

Хоҷаев Садриддин: кадрҳои ихтисосманд кам аст

   «Нуқтаи бозии кӯдакон дар боғчаи кӯдаконаи №2 кӯҳна аст. Аз сабабе, ки мураббияҳошон маълумоти пурра надоранд, дар бахшҳои ғоибона таҳсил менамоянд. Яъне ихтисосмандон каманд. Бинои кӯдакистон низ таъмирталаб аст. Ҳавзи оббозии кӯдакона, ҷой барои майдончаи варзишӣ мавҷуд аст, лекин куҳнаю фарсуда ва корношояманд. Зеро инҳо аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Дар се боғчаи кӯдакона 10 гурӯҳ амал менамоянд, ки зиёда аз 240 наврасро ба таълиму тарбия фаро мегиранд. Теъдоди кӯдакон якгуна сурат намегирад, зеро ба ҳар омил, масалан иваз кардани ҷойи зист, сафи онҳо метавонад кам ё зиёд шавад.» ёдовар гардид Садриддин Хоҷаев, мушовири синфҳои ибтидоӣ ва ҳамчунин муассисаҳои таҳсилоти томактабии шуъбаи маорифи ноҳия зимни тамоси телефонӣ ба хабарнигори «Пайк».

   “Доир ба масъалаи кадрӣ мо камтар мушкил дорем. Дар ин самт дар ҳақиқат мураббияҳое, ки маълумоти пурра надоранд, дар шуъбаҳои ғоибонаи ихтисоси педагог-психологӣ донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таҳсил доранд.” Ёдовар мешавад, хонум Тағоймуродзода

Муассисаи томактабии №3, мудир аз бемасъулиятии худ тарсид

   Боғчаи кӯдакистони №3 дар деҳаи Пушкини ҷамоати Қаҳрамон дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №12 таъсис ёфта, дар он 30 кӯдак тарбия мегиранд. Ин кӯдакистон яке аз ду кӯдакистонест, ки ба гуфти  масъулон шароити намуна дорад. Ба ҳамин хотир хостем бо шароиту имконоти муҳайё будаи он шинос гардем. Дар шӯъбаи маориф ба мо нафареро нишон доданд, ки воқеан моро хурсанд сохт. Зеро дар симои мудири кӯдакистони №3 мо як зани ҷовонро вохӯрдем. Бо ин боварамон ҳам зиёд шуд, ки дар мавриди ҷобаҷогузории кадрҳо гендер риоя мешавад ва низ ҷавонон ҳам ифои вазифаи роҳбарӣ мекунанд. Мутаассифона, дар ҷӯстуҷӯи Фазилатмоҳ Бегова- мудири ҷавон ба мо саргардонии зиёде пеш омад. Чун қаблан мақсади ба кӯдакистонаш рафтанро гуфтем ва мавсуф қабул карду иброз дошт, ки бо ҳоҷате ба шуъбаи молия меравад ва баъд аз он якҷо ба кӯдакистон меравем.

   Аз рӯи ваъдаи додаи хонум Бегова чандин бор ба телефони дастиаш занг задем, аммо эшон аз чӣ бошад, ки дидаю дониста телефонро набардошт. Танҳо мудири маориф Алишер Исоев сабаб шуду муаллима иҷборан ба мо дар тамос шуд. Дар сӯҳбатҳои алоҳида масъулони калидии ноҳия гуфтанд, ки муаллима ҷавон аст, шояд тарсида бошад. Бояд гуфт, ки аз кӣ ва ё чӣ тарс дошт, аз журналисти ҳафтавор ё камбудиҳои кӯдакистоне, ки дар он роҳбар таъин шудааст, яъне аз бемасъулиятии худ?!

                      Боғчаҳои хусусӣ нест, рақобат нест!

   Ба гумони ғолиб мушкили бузурги соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ амал накардан ё аниқтараш мавҷуд набудани кӯдакистонҳои хусусӣ аст. Дар мавриди рақобат сухан гуфтан нашояд. Чунки боғчаи №1 кайҳо пойгаҳи рақобатро аз они худ кардааст. Бо он сабаб, ки аввалиндараҷа ду боғчаи боқимонда шароитҳои хуби рақобатпазир надоранду ҳам боғчаҳои хусусӣ нестанд, то дар рақобат ҳамроҳ шаванд. Рӯи кор будани кӯдакистонҳои хусусиро масъулон мусбат мешуморанд ва мегуянд, ки ин гуна муассисаҳо ба нафъи кори соҳа аст.

   «Бояд, ки боғчаҳои хусусӣ сохта мавриди истифода қарор дода шавад, чунки маблағгузорӣ хуб мегардад, кадрҳои соҳибихтисос ҷалб мешаванд, муҳим аз ҳама, шароитҳои беҳтар рӯи кор меоянд ва таваҷҷӯҳи мардум зиёд мешавад. Дар мавриди сохтани муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ дар ноҳия барнома қабул шуда буд, вале бо кадом сабаб бошад, ки он иҷро нашудааст.»- бо таъкид мегӯяд Садриддин Хоҷаев.

   Тағоймуродзода, муовини соҳавии раиси ноҳия ин ҷанбаи мавзуро чунин шарҳ дод:

   “Мо дар ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем. Дар матбуоти маҳаллӣ чандин баромадҳо кардем, бо соҳибкорони алоҳида сӯҳбатҳо доштем. Сохтани кӯдакистони хусусиро касе ба зимма нагирифт. Маблағҳои зиёд лозим аст, то шароитҳоро беҳтар кард, мураббияҳоро бо маош таъмин сохт, пардохти ҳақи андоз, беҳтар сохтани маводи ғизоӣ ва ғайра. Се муассисаи томактабие, ки дорем маблағҳои давлатишон барои будубош 40-50 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ҳамунро ҳам пардохт карда наметавонанд. Талабот ба кӯдакистони №1-и ноҳия хеле зиёд аст. Аксари волидон мекӯшанд, ки фарзандонашон шомили кӯдакистони номзикр шаванд.» илова дошт, Санифа Тағоймуродзода.

Боғчаи хусусӣ сохта наметавонед, бинои бекорхобидаро ба кор андозед

   Аз рӯи гуфти мусоҳибон талабот ба кӯдакистонҳо дар ноҳия хеле зиёд аст, махсусан таваҷҷӯҳ ба боғчаи кӯдаконаи дар ноҳия ягона ва намуна №1. Чун болотар муовини раиси ноҳия хонум Тағоймуродзода Санифа қайд дошт, ки сохтани муассисаҳои томактабии хусусӣ маблағи ҳангуфтро талаб дорад, аммо набояд ба ин иктифо кард. Мебояд роҳҳои дигарро ҷуст, то камбудии соҳа бартараф гардад. Барои мисол як қисмати бинои кӯдакистони №2-ро, ки солҳост бекор хобидааст, метавон фаъол гардонд. Бинои мазкур дуқабата аст, яъне ҳоҷат ба ягон навъ таҳкурсирезию хиштрезӣ намемонад. Дар муддати 6 соли фаъолият, агар роҳбари кунунӣ ташаббусро ба кор мебурд, кайҳо ин бино фаъол буду дастикам 50-60 кӯдакро ба таълим фаро мегирифт. Магар барои ноҳиядорон бад аст, ки 5-10 нафар боз соҳиби ҷойи кор шаванду 50-60 наврас аз кӯча ба кӯдакистон шомил гарданд? Дар ин кор на танҳо саҳми мудири кӯдакистон, балки мудири маориф, раиси ноҳия ва муовинонаш беш аз пеш даркоранд. Муҳимтар аз ҳама, масъулият даркор асту таваҷҷӯҳ ва дилсузӣ. Агар ғамхории насли наврасро мехоҳед, пас пайи беҳбуд шавед, ҳоло ҳам дер нашудааст. Агар худро дастгири сиёсати Пешвои миллат мешуморед, пас шитобед, ки як самти он сиёсат ободии муассисоти томактабӣ ва ба дунбол ғамхорӣ нисбат ба насли оянда мебошад. Айни ҳол, ҷанобон шумо дар дастгирии сиёсати Пешвои миллат дасткутаҳӣ карда итодаед.

                                    Худойдоди ИСЛОМ