- Варзиш

ХАТМИ МАВСИМ: КАДОМ ДАСТА БО ЧӢ НАТИҶА?

https://dissertationowl.com


   Пас аз 2 давр ва 38 рақобат (дар баъзе мусобқот аз ин шумора кам) дар футболи Аврупо танаффуси тулонӣ ҳукмрон гашт. Дар ТОП мусобиқоти футболи Аврупо мавсими 2018-2019 ҳодисаю хотираву бурду бохти дастаҳо зиёд буданду басо ҷолибу хотирмону ҳам ғамангез. Дар зер дар 6-кишвари аврупоӣ дастаҳо мавсими хатмшударо бо кадом натиҷа сипарӣ намуданд, пешниҳод хоҳем кард.

Ла-Лига-Барселона ғолиб баромад

   Дар чемпионати Ла-лигаи футболи Испания барои ба даст овардани ҷом 20 даста дар 38 давр ба ҳам мубориза бурданд. Ҳарчанд, дастаи Барселона унвони чемпиониро пеш аз муҳлат ба даст овард, вале барои онҳо осон набуд. Зеро ҳарифе монанди Атлетико Мадрид дар ҷадвали мусобиқот аз пасашон давон буданд. Дар хатми мавсим футболбозони Барселона аз 38 бозӣ 87 имтиёз ба даст оварданд, ки ба он 26 ғалаба, 9- мусовӣ ва 3 бохт рост меояд. Голҳои задаи каталониҳо ба 90 расид ва голҳои сардода ба 36.

   Дар зинаи дуюми мусобиқоти мазкур Атлетико Мадрид бо 22 ғалаба, 10 мусовӣ ва 6 бохт бо ба даст овардани 76 хол қарор гирифтанд.  Мадридиҳо дар маҷмуъ ба дарвозаи ҳарифон 55 гол зада, ба дарвозаи худ 29 гол сар доданд. Реал Мадрид, ки дар мавсим анқариб барори кор надошт дар ҷойи 3-юм мақом гирифт. Мадридиҳо дар 38 дидор 22 ғалаба, 10 мусовӣ ва 12 бохт доштанд. Тубҳои ба самар расондаашон ба 63 адад ва сардодаашон 46-ро дар бар мегирад. Ниҳоят дар ҷойи 4-ум клуби Валенсия бо касби 15 ғалаба, 5 мусовӣ ва 12 бохт маскан гирифтанд. Мушҳои паррон 51 гол зада ҳамчунин ба дарвозаашон 35 гол сар доданд.

   Ёдовар бояд шуд, ки ин чаҳор даста (Валенсия бозиҳои квалификатсионӣ анҷом медиҳад) роҳхати бозиҳои Лигаи Қаҳрамонҳоро соҳиб шуданд. Дар баробари ин комёбиҳо се дастаи ноком Ла-лигаро тарк карда, вориди дивизони дуввум «Сегунда Б» шуданд. Инҳо дастаҳои Жирона бо касби 37, Уэска 33 ва Райо Валекано бо 32 имтиёзи мавсимро хатм карданд ва бо натиҷаи нолоиқ мусобиқотро тарк карданд. Дар номинатсияи зӯртарин голандоз ҳамлавари Барселона Леонел Месси бо 36 гол беҳтарин ҳисобида шуд.

Примерлигаи Англия- Манчестер Сити бо 1 имтиёз қаҳрамон шуд

   Агар дар дигар мусобиқот дастаи пешком аз клуби дуюми беш аз 10 имтиёз пеш баромада бошад. Дар Пример Лигаи Англиё аз дигар мусобиқоти футбол дида, рақобат барои қаҳрамонӣ дигаргуна ва бисёр бо шиддат сурат гирифт. Манчестер Сити ва Ливерпул ҳамагӣ барои 1 имтиёз гиребонгири ҳам буданд. Як имтиёз боис шуд, ки шаҳриҳо аз мерсесайдҳо пеш гузаранд ва дигарбора чемпиони футболи Англия гарданд.

   Ғолиби мусобиқот Манчестер С мавсимро бо 98 имтиёз: 32 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт паси сар карда, аз ҳама бештар 95 гол заданд ва 23 гол сар доданд. Ливерпул бошад, дар пойгаҳи қаҳрамонӣ бо 97 хол: 30 пирӯзӣ, 7 мусовӣ ва ҳамагӣ 1 бохт дар мақоми 2-юм қомат афрохтанд. Ду клуби шаҳри Лондон: Челси бо 72 ва Тотенҳем бо 71 имтиёз дар мавқеи 3-4 қарор гирифтанд.

   Се клуби зинаи поёнӣ: Кардифф Сити, Фулхем ва Хаддерсфилд дар Примерлига мавқеи хуб касб накарда, ба Лигаи дуюми Англия раҳсипор шуданд.

   Дар бахши беҳтарин голандоз ҳам ғолиб ягона набуд ва довталабон ҳам зиёд буданд. Обамейянг аз Арсенал, Муҳаммад Салоҳ ва Мане аз Ливерпул бо 22 голи беҳтарин голзанҳо дар мавсим ҳисобида шуданд.

Бундеслигаи Олмон- чемпионии Бавария бо як «шаттаҷанг»

   Ғолиби Бундеслига гаштан барои футболбозони Баварияи Мюнҳен чандон кори саҳл набуд. Чунки ҳарифи усулии онҳо Боруссияи Дортмунд ҳеҷ аз онҳо кам мондан намехост ва пояшро ҳамеша қатори мюнҳениҳо ба курпаи чемпионӣ дароз кардан мехост. Танҳо бо ду имтиёзи бештар ва ба қавле бо як «шаттаҷанг» Бавария ғолиби имсолаи Бундеслига гашт.

    Дар 34 рақобат Бавария бо соҳибии 78 имтиёз: 24 ғолибият, 6 мусовӣ ва 4 нокомӣ мавсимро адо карданд. Дар ҷойи дуюм Боррусия Дортмунд бо 76 хол: 23 ғалаба, 7 мусовӣ ва 4 бохт қаноат карданд. РБ Лейпсиг бо 66 имтиёз: 19 пирӯзӣ, 9 мусовӣ ва 6 мағлубият ва Байер бо 58 хол: 18 ғалаба, 4 мусовм ва 12 бохт ҷойҳои 3-юм ва 4-умро касб карданд.

   Мавриди зикр аст, ки дастаҳои Штутгард 28, Ганновер 21, ва Нюрнберг 19 имтиёз ба даст оварданд, ки барои боқӣ мондашон дар мавсими оянда кифоят накард ва ба Бундеслигаи 2 раҳкӣ шуданд.

   Роберт Левандовски аз Бавария бо 22 туби зада, Пако Алкасер бо 18 ва Ройс бо 17 туб аз Боррусия Д дар се зина қарор гирифтанд.

Лигаи 1- ПСЖ ғолиби қабл аз мӯҳлат

   Дар лигаи 1-и Фаронса ПСЖ ягона дастаи дастнорас барои рақибонаш гашт. Чун бо 16 имтиёз бештар рақибаш клуби Лиллро пас гузошта, садрнишин шуд ва бо касби 91 имтиёз унвони чемпиониро соҳиб шуд. Парижиҳо дар 38 дидор ба исми худ 29 ғалаба, 4 мусовӣ ва 5 нокомӣ сабт карданд. Рақиби онҳо Лилл бо 75 имтиёз: 22 ғалаба, 9 мусовӣ ва 7 бохт дар зинаи дуюм қарор гирифт. Лион ва Сент-Этен дар ҷадвал бо касби 72 ва 66 холӣ зинаҳои 3-4-ро соҳиб гаштанд.

   Агар 3-4 даста барои ҷоми мусобиқот мубориза баранд, ин миқдори дигар барои дар зинаи афтиш (линия вылета) ҷон мекананд. Аммо се дастаи заиф хоҳу нохоҳ мусобиқотро хайр мегӯянд. Дижон 34, Кан 33 ва Генгам бо 27 хол барин дастаҳо Лигаи 1-фаронсаро бо сабаби ба даст наёвардани имтиёзи даркорӣ тарк гуфтанд.

   Бояд қайд кард, ки беҳтаринҳо дар футбол ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Аз ҷумла футболбозоне, ки меҳнат карда муаллифи голи зиёд мешаванд. Футболбози ҷавони дастаи ПСЖ Мбаппе имсол ба дарвозаи ҳарифон дар 29 рақобат 33 гол зад ва беҳтарин голеадори мусобиқот ба шумор меравад.

Сериа А-Ювентус боз қаҳрамон

   Дастаи Ювентуси шаҳри Турин дар Сериаи А-и футболи Италиё бо 11 имтиёзи бештар дар 38 рақобат тавонист аз дастаи думболагираш Наполи дар масофа монад ва ноил ба қаҳрамонии мусобиқоти футболи кишвараш дар мавсими 2018-19 гардад. Дар 38 дидор шогирдони Масимиллано Алегри бо худ 90 имтиёз захира намуданд: 2… ғалаба, 6 мусовӣ ва 3 бохт бо 70 голи зада ва 28 сардода.  Наполи бо 79 хол: 24 пирӯзӣ, 7 мусовӣ ва 7 бохт дар мақоми дуввум, Аталанта бо 66 хол: 19 ғалаба, 9 мусовӣ, ва 9 бохт ҷойи сеюм ва Интер бо ба даст овардани 66 хол: 19 ғалаба, 9 мусовӣ, ва 9 бохт зинаи 4-умро касб карданд. Сабаби дар ин зина қарор гирифтани дастаи Интер танҳо бо тафовути голи кам задан аз рақиби боло нишастааш Аталанта аст.

   Ҷеноа бо 37 хол, Фрозиноне бо 25 хол ва Киево бо 17 имтиёз се дастае, ки дар хатти афтиш қарор гирифта, мусобиқотро падрӯд гуфтанд. Ягона футболбозе, ки дар Сериа А дар 36 бозӣ тавониста, ки 26 гол занад, Квалярелла аз клуби Сампдория эътироф гашт.

РФПЛ- Зенит чемпиони Руссия

   Дар мусобиқоти футболи кишвари бо мо шарики стратегӣ Русия имсол шаҳди чемпиониро клуби Зенит чашид. Нефтчиён аз ҳарифи дар поении по гузоштаи худ бо тафовути 8-имтиёз садрнишини ҷадвал шуданд ва дар 29 дидор молики 61 хол: 19 ғалаба, 4 мусовӣ ва 6 бохт гаштанд. 53 туб ба дарвозаи дигарон задан два 28 голи ҷавобӣ гирифтанд. Дастаи роҳи оҳанчиён Локомотив ин навбат дар зинаи дуввум қарор гирифт. Эшон дар сабади худ 53 имтиёз, ки 15 ғалаба, 8 мусовӣ ва 6 бохтро фаро мегирад, захира намуданд. Краснодар баробари Локо бо 15 пирӯзӣ, 8 мусовӣ ва 6 нокомӣ 53 имтиёз гирифт ва дар мақоми сеюм боқӣ монд. Дар 4-гонаи аввал низ клуби пойтахти Спартак низ тавонист бо 49 хол мавқеъ бигирад. 14 пирӯзӣ, 7 мусовӣ ва 8 бохт натиҷаи ягонаи футболбозони ин тим дар мавсими ҳамакнун хатмёфта гашт.

   Бар замми ин ҳама, клубҳое, ки нисбат ба дигар дастаҳо дасти тавон надоштанду рақобаро аз даст доданд, дар зинаҳои поёнии мусобиқоти Примерлигаи Русия ба ҳайси нокомҳо ҷойгузин шуданд. Ба ин дастаҳо Уфа бо 26, Анжи бо 21 ва Енисей бо 20 имтиёзи ғайриқаноатбахш шомиланд.

   Мавриди зикр аст, ки дар байни беҳтарин голзанон Чалов аз ЦСКА бо 13 гол, Азмун аз Зенит бо 12 гол ва Миранчук А аз Локомотив бо 11 гол се зинаи ифтихориро ноил шуданд.

Худойдоди Ислом

«Пайк-Футбол»