- Иқтисод

ВОСЕЪ: ҚАРЗДОРӢ АЗ АНДОЗ НАТИҶАИ БЕМАСЪУЛИЯТӢ АСТ!


   Санаи 20 майи соли ҷорӣ бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо намудан аз вазъи насбу истифодаи мошинаҳои назоратӣ — хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-дорои ТИЭ) дар ноҳияи Восеъ як санҷиши инфиродиро анҷом додем. Ин санҷиш маълум кард, ки дар бештари марказҳои хизматрасонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, нуқтаҳои фурўши гўшт ва дорухонаҳо фаъолияти соҳибкорон бидуни истифодаи мошини назоратӣ — хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи  электронӣ   сурат    мегиранд.
   Ин ҳам дар ҳолест, ки мутобиқи талаботи моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби истифодабарии мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ — дорои ТИЭ) аз 02.05.2013, таҳти №210 тамоми субъектҳои соҳибкорӣ дар қисмати ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ вобаста ба таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳо уҳдадоранд, ки аз МНХ истифода намоянд. Дар сурате, ки андозсупорандагон аз МНХ ба таври дуруст истифода намебаранд, тибқи талаботи моддаи 614-615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ мегарданд.

   Аз Нозироти андози ноҳия ба мо иттилоъ доданд, ки насбу истифодаи МНХ дар фаъолияти андозсупорандагони ноҳия таҳти назорати доимии кормандон қарор доранд. Тибқи нақшаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2019 дар фаъолияти 18 андозсупоранда мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ насб гардидааст. Тибқи иттилои манбаъ дар ин давра ҷиҳати ба таври дуруст истифода накардани МНХ аз тарафи кормандони андози ноҳия 15 андозсупоранда бо моддаҳои 614 — 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 43,8 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз маблағи зикршуда ба буҷет 6,5 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.    

                    Раиси ноҳия дар кумитаи андоз чӣ кор мекунад?

         Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ бошанд, бо иқрор мегўянд, ки ҳамаи нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ноҳия фаъолияткунанда бо мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ таъминанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни як санҷиш  муайян гардид, ки бештари соҳибкорони ноҳияи Восеъ  умуман аз МНХ дар муассисаи худ истифода намебаранд. Ба гунаи мисол, дар ягон нуқтаи гўштфурўшии ноҳияи Восеъ мошинаҳои назоратӣ — хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ дида намешавад. Кормадони Нозироти андоз дар ноҳияи мазкур ба куҷо менигаранд? Ё зери коса нимкоса ҳасту мо намедонем? Бас будагист ин ҳама мардумфиребию ба чашми давлат хок пошидан…

         Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси ноҳияи Восеъ Мўсо Ғафурзода гоҳо ба дари утоқи кори худ қулф зада утоқи кори сардори идораи андози ноҳияро иҷора мегирад, то барои иҷрои нақшаи андозҳо кумак расонад. Магар насби МНХ-ҳо кумак барои иҷрои нақшаи андоз намерасонад? Ё ҳадафи ҷанобон раисон аз иҷора гирифтани утоқҳои кори сардорони нозироти андоз тамоман дигар аст? Кадом ҳадаф буданаш лоиқи омўзиш аст.

         Дар зер бинед, ки ба саволи он, ки «чаро дар ягон нуқтаи гуштфурўшии ноҳия мошинаҳои назоратӣ – хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (МНХ-дорои ТИЭ) дида намешавад?» масъулин чӣ посух додаанд.

                        Нозири бехабар аз масъулият

   Мутахассиси пешбари гурўҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродии Нозироти андози ноҳия Сорбон Умаров гуфт, семинар — машварат гузаронида истодаем, таъмин мекунем. Ва ҳамчунин, илова кард «ростӣ ман намедонам, чанд нуқтаи фурўши гўшт дар ноҳия амал мекунад. Танҳо ҳаминро медонам, ки дар ҳудуди ноҳия 472 соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуданд, ки 124 нафарашон фаъолият намекунанд».

   Пас, бояд қазоват кард, нозире, ки ҳамарўза пайи иҷроиши нақшаи андоз бо соҳибкорон рў ба рў мегардаду чанд нуқтаи фурўши гўшт дар ноҳияи Восеъ аст, намедонад. Пас, саволе посухталаб аст, ки оё метавон бо чунин бехабарӣ дар чунин мақоми давлатӣ ифои вазифа кард? Ин дар ҳолест, ки ҳоло мо аз бобу моддаҳои Кодекси андоз суол накардаем, чунки аз имкон дур нест, ки эшон аз қонунгузории андоз бехабар бошад. Аз сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон талаб карда мешавад, ки кормадони андози шаҳру навоҳии минтақаи Кўлобро аз аттестатсия гузаронида мутахассисони босавод ва қобилиятнокро ба кор ҷалб кунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 майи соли ҷорӣ дар вохўрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар қайд карданд, ки «… Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар асоси таъсиси комиссияи босалоҳият аз моҳи июни соли 2019 сар карда, тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия гузаронад…»  

   Тибқи маълумотҳои дастрасгардида феълан дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 472 соҳибкор тибқи шаҳодатнома ва 1442 соҳибкор  тибқи патент фаъолият мекунанд.  

                          Афзоиши қарзи андоз масъалаи нигаронкунанда

   Бақияи қарзи андоз дар ин ноҳия яке аз мушкилоти доғи рўз ба шумор рафта, мақомоти андози ноҳияро нигарон кардааст. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ дар семоҳаи аввали соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро ба андозаи 100 фоиз иҷро намуданд. Ба ҷойи 11653,9 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 11659,8 ҳазор сомонӣ ворид карданд, ки нисбати нақша 5912 сомонӣ зиёд аст.  Қарзи андоз дар ин ноҳия ба санаи 01.01.2019 9437,0 ҳазор сомониро ташкил медод, ки ин рақам ба 01.04.2019 ба 7101,5 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Кормандони андози ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019 танҳо маблағи 2245,5 ҳазор сомонӣ қарзи андозро кам кардаанду халос. Қарздорӣ дар ноҳияи Восеъ асосан аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо ба назар мерасад. Бояд қайд кард, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз нисбати 126 нафар андозсупоранда қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 5937,0 ҳазор сомонӣ чораандешӣ намуда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 50 адад қарор пурра иҷро гардида ба буҷети давлатӣ 1294,8 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.     

         Тибқи маълумотҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Восеъ ду намуд андоз иҷро нагардид.

1.Андоз аз воситаҳои нақлиёт

2.Андоз аз захираҳои табиӣ

   Кормандони андоз дар ноҳияи Восеъ яке аз омилҳои иҷро нагардидани андоз аз захираҳои табииро пурра дар мавсим фаъолият накардани корхонаҳо медонанд. Дар ин давра 4 корхонае, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва истеҳсоли намак машғул буданд, муваққатан фаъолияташонро қатъ карданд. Ин ҳам бошад, ҶДММ «Ёхсу 2015», ҶДММ «Азиз», ҶДММ «Намаки Восеъ» ва ҶДММ «Зоир А» мебошанд.  

                         Ошкор гардидани маблағҳои пинҳонӣ  

   Кормандони андоз дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ошкор намудани маблағҳои пинҳонӣ дар семоҳаи аввал дар фаъолияти 19 андозсупоранда назорати камералӣ гузарониданд, ки дар натиҷа маблағи 184 ҳазору 899 сомонӣ ошкор гардид. Ҳамчунин, дар ҳамин давра дар фаъолияти 6 андозсупорандаи дигар муоинаи хронометражӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 28316 сомонӣ маблағҳои пинҳонкардаи соҳибкорон ошкор гардид.

   Мақомоти андози ноҳияи Восеъро зарур меояд, ки ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз ва нуқсону камбудиҳои дар боло зикршуда чораҳои қатъӣ андешанд. Дар сурати наандешидани чора дубора сари масъала хоҳем баргашт.     

Исломи РАҶАБАЛӢ

Худойдоди Ислом

барои «Пайк»